Мансабдорони тоҷик дастури расмӣ гирифтаанд, ки фитри рӯзаашонро бар асоси рӯйхати махсус ба оилаҳои камбизоат, ятимону барҷомондаҳо ва бепарасторон супурда, аз натиҷааш ба Дастгоҳи иҷроияи президенти Тоҷикистон гузориш диҳанд.
Дар барқия (факс)-е бо имзои Раҳмон Озода Эмомалӣ, раиси Дастгоҳи иҷроияи президент, ба раҳбарони вилоятҳо, шаҳру ноҳияҳо, ҷамоатҳо, имом-хатибон ва соҳибкорони кишвар гуфта шудааст, ки ин амр бо дастури раисиҷумҳури Тоҷикистон сурат мегирад. Ин барқия рӯзи 29 июн фиристода шуда, дар он таъкид гардидааст, ҷараёни супурдани садақаи фитри мансабдорону имомхатибон ва соҳибкоронро Кумитаи дин ва танзими анъана низ назорат хоҳад кард.
Эмомалӣ Раҳмон, раисиҷумҳури Тоҷикистон, рӯзи 30 июн дар маҷлиси ҳукумат раҳбарияти Шӯрои уламо ва Кумитаи динро вазифадор кардааст, ки "дар рӯзи Иди саиди Фитр барои дуою фотеҳа на ба хонаи мансабдорону сарватмандон, балки ба манзили оилаҳои наздикону пайвандонашонро аз даст дода, оилаҳои эҳтиёҷманд ва дигар шахсони азодор ва бекасу танҳо рафта аз аҳволашон бохабар шаванд."
Мансабдорону имом-хатибон ва соҳибкорон, инчунин, муваззаф шудаанд, рӯйхати аъзои оила ва чӣ қадар садақаи фитр доданашонро бо имзои худ ба дастгоҳ фиристанд. То кунун ягон мақоми расмии Тоҷикистон ҳозир нашуд, ин талаби ҳукуматро шарҳ диҳад. Аммо ин бори аввал аст, ки расман аз мақомдорони тоҷик хоста шудааст, то фитри рӯзаашонро супурда, дар ин бора ҳисобот диҳанд.
Ҳоло маълум нест, дар сурати саркашӣ аз ин кор онҳоро чӣ интизор аст. Дар гузашта раисиҷумҳури Тоҷикистон танҳо шифоҳӣ аз ҳамаи мақомдорону сарватмандҳо мехост, ки дар арафаи Иди Рамазон дасти дармондаҳоро бигиранд.
Соҳибкори тоҷик Абдураҳмон Давлатов мегӯяд, субҳи 30 июн аз ин дастури расмии ҳукумат хабар ёфтааст ва иҷро хоҳад кард. Ӯ гуфт, бе ин дастур низ ҳар сол садақаи фитрро ба дармондаҳо медод ва имсол низ ҳамин амалашро такрор мекунад. “Имсол ният кардаам, фитри рӯзаро ба модаре диҳам, ки дар ҳамсоягиамон ба танҳоӣ чаҳор фарзандашро бузург мекунад. Агар ин кор ҳам назорат шавад, ҷои бадӣ надорад,” - гуфт Абдураҳмон Давлатов.
Шӯрои уламои Маркази исломии Тоҷикистон садақаи фитрро барои ҳар нафар 5 сомонӣ таъин кардааст. Ин шӯро мегӯяд, нисоби закот 17 ҳазору 400 сомонист ва аз ин ҳисоб 435 сомонӣ закот дода хоҳад шуд.
Аммо рӯҳониён мегӯянд, нафари молдору сарватманд ҳар қадаре фитри рӯза диҳаду хайр кунад, қабул аст. Қобилҷон Боев, рӯҳонии тоҷик, ки ирсоли ин дастурро ба мақомоти маҳаллӣ тасдиқ кард, дар суҳбат бо Озодӣ гуфт, вале фитри рӯза бояд то шурӯи намози ид ба ниёзмандон дода шавад. “Бояд фитри рӯза ба мискинон дода шавад. Мискин ҳамон нафарест, ки танҳо барои имрӯзааш хӯрданӣ дораду бас. Хубтараш ба онҳое дода шавад, ки ҳеч даромад надоранд ва хеле фақирона зиндагӣ мекунанд. Ятимон ҳастанд, маъюбон ҳастанд, ки кор карда наметавонанд ва даромаде надоранд,” – афзуд ӯ.
Иди имсолаи Рамазон ё Фитр рӯзи 6 июл таҷлил шуда, намози ид дар ҳамаи масҷидҳои кишвар соати шашуним хонда хоҳад шуд. Ин ид дар тақвимҳои Тоҷикистон бо ранги сурх ишора шуда, рӯзи истироҳат аст ва сокинон баъди адои намоз ба зиёрати қабрҳо ва аёдати пирону барҷомондагон рафта, инчунин, ба хонаи якдигар сар хоҳанд зад.
Дар ҳоли ҳозир танҳо шумораи хизматчиёни давлатӣ дар Тоҷикистон ба беш аз 18 ҳазор нафар расида, теъдоди имомону имом-хатибон тақрибан 4 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.