Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Эмомиддин барои наҷоти ӯ як гурдаашро медиҳад (ВИДЕО)


Эмомиддин мегӯяд, бо диализ зинда намемонад.
Эмомиддин мегӯяд, бо диализ зинда намемонад.

Эмомиддинро ғайриқонунӣ ба артиш бурданду бемориашро бадтар карданд ва чаҳор афсар барои ин кор ва бо гуноҳи "хунукназарӣ" ҷазо гирифтанд. Вале Эмомиддин сиҳат нашуд ва акнун мунтазири пайванди гурдаи нав аст.

Модари Эмомиддин Холов, ҷавони 22-сола, ки ҳарду гурдааш аз кор мондаанд, мегӯяд, барои зинда мондани фарзандаш як гурдаи худро ба ҷигарбандаш медиҳад. Аммо барои пайвандаи гурда ба 100 ҳазор сомонӣ мӯҳтоҷ ҳастанд. Наҷафмо Шоева, модари 60-сола ва фарзандаш таҳти муроқибати пизишкони Маркази миллии илмии пайвандсозии узв ва бофтаҳои инсон қарор доранд.

Эмомиддин Холов, сокини деҳаи Ҳоити ноҳияи Рашт, моҳи майи соли 2015 ба хотири табобати гурдаҳои бемораш ба пойтахт омад, вале кормандони комиссариати ҳарбӣ ӯро дастгир карда ба артиш бурданд. Хизмати ӯ дар қисми низомь дар Хоруғ 12 рӯз идома кард ва баъди хуруҷи бемории гурдаҳояш ӯро аз артиш ҷавоб доданд. Ҳоло ҳарду гурдаи ӯ аз кор мондаанд ва Эмомиддин бо диализ зинда аст, чизе ки нақши гурдаро иҷро мекунад.

Холаи Наҷафмоҳ мегӯяд, ду сол мунтазир буданд, доноре барои фарзандаш пайдо мешавад, вале ин тавр нашуд: "Рафтем дар беморхона анализ супоридем, хун супоридем томография кардем, гурдаи мо мувофиқат мекардааст ва ҳоло интизорем. Фарзандам аст ва маҷбурам гурдаамро ба вай диҳам. Давлат ба артиш бурд, лекин ҳеч ёрӣ накардаанд. То ҳол фақат созмони Дафтари озодиҳои шаҳрвандӣ кумак кардааст. Як сол шуд, ки аз пайи бемории фарзандам ҳастем, ҷойи кор нест, пул надорем. Барои ҷарроҳӣ пул нест, агар не мо омода шудем, ки гурдаамро ба фарзандам диҳанд."

Модари тоҷик гурдаашро ба ҷигарбандаш медиҳад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:59 0:00

Саидмаҳмуд Исмоилзода мудири беморхона ба Озодӣ гуфт, ҳоло дар марҳилаи омодасозии модару писар барои амали ҷарроҳӣ ҳастанд. Фақат барои анҷоми амали ҷарроҳӣ 48 ҳазор сомонӣ зарур будааст. Эмомиддин дар беморхона бистарӣ ҳаст ва бисёр лоғар шудааст. "То чанде ки вақт гузашта истодааст, вазъам бад шуда истодааст. Худоро шукр, ки модарам розӣ аст ва гурдаашро ба ман медиҳад, аммо аз барои набудани маблағ ин масъала тӯл кашида истодааст," - гуфт ӯ.

Хонаводаи Эмомиддин бузург буда 9 бародарону хоҳарон ҳастанд ва зиндагии фақирона доранд. Холаи Наҷафмоҳ аз набудани маблағ ва аз тарафи дигар аз гаронии нархи дору шикоят мекунад. Ҳоло ин хонавода барои пурра табобат ёфтани Эмомиддин ба 100 ҳазор сомонӣ ниёз доранд. Онҳо аз мардуми нек ва саховатпеша умеди дасти ёрӣ доранд, то ҳар чӣ зудтар амалиёти ҷарроҳӣ сурат гирад ва писараш наҷот ёбад, зеро ҳоло Эмомиддин ҷавон аст ва як умр наметавонад, бо “диализ” зиндагӣ кунад.

Ҳисоби бонкӣ барои онҳое, ки мехоҳанд, барои Эмомиддин кумак кунанд:

Қазияи Эмомиддини бемор ва ба сафи артиш кашида шудани ӯ, яке аз мавзӯъҳои доғ дар матбуоти Тоҷикистон шуд. Баъд аз ин Додгоҳи ҳарбии шаҳри Душанбе дар моҳи марти соли равон чаҳор корманди Комиссариати ҳарбии ноҳияи Синои пойтахтро барои "хунукназарӣ" дар иҷрои масъулият аз 7 то 10 ҳазор сомонӣ ҷарима кард.

Ин афрод Эмомиддин Холовро тирамоҳи соли 2015 бо вуҷуди бемории гурдаҳояш саломат нишон дода, ба хизмати артиш фиристодаанд. “Хунукназарие”, ки ҷони як ҷавонро дар хатар гузошт.

XS
SM
MD
LG