Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Афсона"-и Нигина дар даҳгонаи таронаҳои беҳтарин дар Русия


Як суруди Нигина Амонқулова, овозхони маъруфи тоҷик, бо номи "Афсона" дар сархатти даҳгонаи таронаҳои беҳтарин дар радиои “Восток FM”-и Русия қарор гирифтааст. Ин раддабандӣ ҳар ҳафта дар барномаи "Садои Шарқ"-и ин радио анҷом мешавад.

Беҳрӯз Зеваров, продюссер ва раҳбари ширкати “Топ-Медиа”, рӯзи 23 июн дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, онҳо барои иштирок дар даҳгонаи таронаҳои беҳтарин дар "Восток FM" як суруди Ҷонибек Муродов ва “Афсона”-и Нигина Амонқуловаро фиристода буданд. "Аммо "Афсона"-и Нигина дар як муддати кӯтоҳ дар феҳристи таронаҳои пуртарафдор шомил шуд," – гуфт ӯ.

"Ситораи Шарқ" ҳар ҳафта тариқи радиои “Восток FM” дар тақдими Темур Радригез, муҷрии шинохтаи рус пахш мешавад ва шунавандаҳо тариқи вебсайти ин радио аз феҳристи овозхонон хонандаҳои табъи дили худро интихоб мекунанд. Таронаи “Афсона”-и Нигина наздики якуним моҳ дар феҳристи пуршунавандаҳо қарор дошта ва ду ҳафтаи охир дар сархатти он ҷой доштааст. Зоҳиран саҳми ҳазорон муҳоҷири тоҷик дар Русия дар маъруф шудани тарона зиёд аст.

Дар даҳгонаи оҳангҳои беҳтарини “Ситораи Шарқ”, инчунин, сурудҳои овозхони шинохтаи Русия, мисли Жасмину Авраам Руссо ва Зара ҷой гирифтаанд. Радиои “Восток FM” бештар аз ҳама дар миёни муҳоҷирони Осиёи Марказӣ дар Русия маъруф аст ва шунавандаҳо оҳанги Нигинаро аз миёни беш аз 80 таронаи овозхонони мухталиф беҳтарин донистаанд.

Нигина Амонқулова, овозхони тоҷик, таронаи “Афсона”-ро дар якҷоягӣ бо Далер Хонзода - хонандаи узбакистонӣ иҷро кардааст. Далер Хонзода, овозхони собиқи гурӯҳи шинохтаи “Саҳро” аст, ки дар Тоҷикистон бо таронаи “Ёд кардам” маъруф шуда буд. Далер зодаи Тоҷикистон аст, аммо дар Узбакистон зиндагӣ мекунад.

Худи Нигина аз он ки оҳанги “Афсона” дар сархатти “Ситораи Шарқ”-и “Восток FM” ҷой гирифтааст, хушҳол аст. Вай дар сӯҳбат бо Озодӣ гуфт, таронаи мазкур ду соли пеш сабт шуда буд. “Ман аз Далер хоҳиш намуда будам, ки бароям оҳанге эҷод кунад. Аммо ӯ пешниҳоди хондани дуэт карда ва ман ҳам розӣ шудам. Аслан ман огоҳӣ надоштам, ки ин тарона тариқи радиои “Восток FM” пахш шуда ва шунавандаи зиёд ҳам пайдо кардааст. Аммо вақте бароям хабар доданд, хеле хурсанд шудам,” – гуфт ӯ.

Нигина Амонқулова мегӯяд, як ҳафта боз дар вилояти Бадахшон қарор дорад ва бахшида ба рӯзи Ваҳдат чандин барномаҳои ҳунариро иҷро кардааст.

Нигина Амонқулова соли 1986 дар шаҳри Панҷакент ба дунё омада, номаш бори аввал баъди пирӯзӣ дар озмуни “Андалеб” матраҳ шуд. Аввалин таронае, ки Нигинаро маъруф кард, таронаи маъруфи солҳои 60-ум бо номи “Ранҷида нигорам омад” буд, ки Нигина Амонқулова бозхонӣ кардааст.

Ӯ бештар дар жанри “ретро” ҳунарнамоӣ мекунад, вале дар солҳои охир чанд таронаи наваш, аз ҷумла “Дар оғӯши ту мемирам”, “Сӯзиш”, “Мавригӣ”, ки ҳамроҳ бо Дамирбек Олимов иҷро кардааст, “Пурнурам”, “Оташе”, “Чархи фалак”, “Афсона” ва “Ёри мусофир” дар Тоҷикистон маъруфияти зиёд пайдо кард. Дар моҳи январи соли равон Нигина Амонқулова нахустин албоми расмии таронаҳояшро бо номи “Борон” вориди бозор кард.

Дар назарсанҷии маркази “Z-Analytics Group” Нигина Амонқуловаро имсол маъруфтарин овозхони Тоҷикистон ном бурдаанд.

XS
SM
MD
LG