Дар пойтахти Тоҷикистон бузургтарин бемористон ё "Маҷмааи тандурустӣ" ба фаъолият оғоз кард, ки дорои 650 кат мебошад ва бо сарфи 706 миллион сомонӣ сохта шудааст.
Ин маҷмаа дар маҳаллаи 46-уми пойтахт, дар шафати "Маркази ташхиси тиббӣ" (Диагностика) ва бозори "Султони Кабир" воқеъ шудааст ва иборат аз як бемористон бо 650 кат ва як поликлиника барои қабули 800 бемор дар як басти кориро дар бар мегирад ва гуфта мешавад, ки 3,5 ҳазор нафар ба ҷойҳои нави корӣ таъмин хоҳанд шуд.
Ин маҷмаи бузурги беҳдоштӣ рӯзи 4-уми март бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон ифтитоҳ ёфт. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон зимни ифтитоҳи ин маҷмаа дар назди табибон суханронӣ карда ва доир ба вазъи беҳдоштӣ дар кишвар андешаҳои худро баён кардааст. Ин муассиса навбунёди беҳдоштӣ Маҷмааи тандурустии "Пойтахт-90" ном дорад ва Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кардааст, ки он Маҷмааи тандурустии "Истиқлол" номида шавад.
Оқои Раҳмон зимни суханронӣ дар ин маросим аз ҷумла гуфтааст, ки "табиби воқеӣ бояд сифатҳои ҳалимиву хоксорӣ ва одоби хуби муоширатро дастури доимии фаъолияти худ дониста, ба ин шуғли басо пурмасъулият ҷиддӣ ва бо дасти поку дилу нияти нек муносибат намояд". Ин аст, ки аиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин робита таъкид кардааст, ки "табиб ҳаргиз ҳуқуқи хато карданро надорад".
Маҷмааи нави тиббӣ дар шаҳри Душанбе дар навъи худ нодир мебошадва яке аз бузургтарин иншоотҳои соҳаи тандурустии кишвар дар замони соҳибистиқлол ба шумор меравад. Моҳи октябри соли 2015 парлумони Тоҷикистон воридоти дастгоҳҳои тиббӣ ба ин маркази тиббиро аз масъулияти пардохти боҷу хироҷи гумрукӣ ва андоз аз арзиши изофа озод карда буд.
Ин дар ҳолест, ки Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Тоҷикистон дар авоили моҳи декабри соли гузашта ҷузъиёти боздошти Саидшариф Анваров, раҳбари собиқи муассисаи давлатии "Раёсати сохтмони асосӣ"-и Душанбе ё УКС-ро ошкор кард, ки ин афрод ба "исрофкорӣ" ва "изофанависӣ" дар сохтмони Маркази тиббии “Маҷмааи тандурустӣ” ва пешниҳоди ришва ба шахси мансабдор, муттаҳам мешаванд. Алайҳи онҳо бар асоси моддаи 320-и Кодекси ҷиноӣ парванда боз гардид.
Аз шаш ҳамроҳи раҳбари собиқи УКС-и Душанбе, Фазлиддин Маҳмудов ва Фирӯз Раҳмонов - раис ва муовини раиси "Тоҷикколхозсохтмон", Тоҳирҷон Тағоев – раҳбари "Жилестрой", Олим Саидов - раҳбари ПМК-278, Тоҳирҷон Мирзоҷонов – раҳбари ширкати "Хонасоз-4" ва Қосим Фатҳуллозода - раҳбари "Саманд 2010" ном бурда мешуд.
Ба иттилои дафтари матбуоти Оҷонсии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, боздошти Саидшариф Анваров ва ҳамроҳони ӯ баъди як санҷиши расмӣ бо амри Рустами Эмомалӣ дар сохтмони Маркази тиббии “Пойтахт-90” сурат гирифтааст. "Дар иншооти бемористони "Пойтахт-90" санҷиши фаъолияти молиявӣ ва хоҷагӣ анҷом дода шуд. Зимни гузарондани санҷиш тасарруфи молу мулки ғайр, барзиёд нишон додани корҳои сохтмонӣ ва исрофкорӣ сабт гардид," -- афзуд дафтари матбуоти Оҷонсӣ.
Ин ниҳод он замон гуфт, дар нимаҳои моҳи октябр Саидшариф Анваров ва ҳамроҳони ӯ нақшаи пешниҳоди "пора" ба як мансабдори Оҷонсиро кашида ва аз ин тариқ хостаанд худро раҳо бикунанд. "17 ноябр дар натиҷаи чорабинии фаврии маъмурони Оҷонсӣ миёнарав Фирӯз Раҳмонов ҳангоми ба сифати пора додани 448 ҳазору 700 доллари амрикоӣ дастгир карда шуд."