Маҳмурод Сафаров шаш соли ахир дар яке аз поркҳои шаҳри Санкт-Петербурги Русия роҳрӯбӣ мекунад. Амале, ки ба қавли Маҳмурод ва дигар ҳамдиёронаш дар мулки ғайр онро бе ҳеҷ "изо кашидан" анҷом медиҳанд, аммо аз анҷоми он дар ватани худ "шарм" медоранд ва ба таъбире онро як амали "занона" медонанд.