Мақомоти Тоҷикистону Узбакистон гузаргоҳи марзии "Гулбаҳор" дар ноҳияи Шаҳритусро ифтитоҳ карданд. Ин гузаргоҳ, ки рӯзи 7-уми март мавриди истифода қарор гирифт, вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо Сурхондарёи Узбакистон мепайвандад.
Сокинони Тоҷикистону Узбакистон рӯзи 7 март шоҳиди боз шудани гузаргоҳи 10-уми марзӣ дар сарҳади вилоятҳои Хатлону Сурхондарё шуданд. Баъди таваққуфи шашсола гузаргоҳи автомобилгарди марзии байни ду кишвар боз шуд.
Мақомоти Тоҷикистону Узбекистон гузаргоҳи “Гулбаҳор” дар ноҳияи Шаҳритусро ифтитоҳ карданд. Ин гузаргоҳ, ки рӯзи 7-уми март мавриди истифода қарор гирифт, вилояти Хатлони Тоҷикистонро бо Сурхондарёи Узбакистон мепайвандад.
Шаҳри Бохтар, ки то як моҳи пеш бо исми Қӯрғонтеппа маъруф буд, аввалин Наврӯзи худро зери исми навшуда пешвоз мегирад. Тамоми шаҳр барои пешвози иди миллӣ ва фарорасии баҳор омода мешавад.
Як гузориши Радиои Озодӣ сабаб шуд, ки пули баҳсии миёни ду ноҳия барқарор шавад.
Рӯзи 5-уми март дар деҳаи ба номи Калинини ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ маросими дафни нависанда Равшани Ёрмуҳаммад баргузор шуд. Падари 76-солаи ҳуқуқшиноси зиндонӣ Бузургмеҳр Ёров рӯзи 4-уми март дар Душанбе даргузашт.
Мақомоти интизомӣ дар шаҳри Норак, ҷануби Тоҷикистон ду афсари қисми низомии 05-10-50-и Гвардияи миллӣ дар ҳамин шаҳрро баъди марги як сарбоз боздошт намуда, дар боздоштгоҳ нигоҳ медоранд.
Дар маркази маъмурии Хатлон бузургтарин вилояти Тоҷикистон, се корхонаи истеҳсоли арақро барои роҳ додан ба хато зимни истеҳсоли машрубот ҷарима кардаанд, яке дигар барои ду сол аз ҳаққи фаъолият маҳрум шудааст.
Мақомоти “Агроинвестбонк” ба ҷойи пул ва амонати муштариён ба онҳо ҳар гуна таҷҳизот, аз ҷумла компютеру дастгоҳи чопӣ, говсандуқ (сейф) ва мошин медиҳанд.
Ба истгоҳи Хушодӣ дар ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон тақрибан 10 сол боз ҳеч қаторе аз Узбкистон наомадааст. Аммо ҳамакнун истгоҳро барои истиқболи қатори деринтизори мусофирбар аз кишвари ҳамсоя омода мекунанд.
Дар Тоҷикистон барои боз шудани роҳе омодагӣ мегиранд, ки 8 сол пеш баста шуд ва Хатлону мардумашро ба мушкилоти зиёде гирифтор кард. Роҳи Амузанг-Хатлон мумкин аст, моҳи март дигарбора боз шавад.
Сардори раёсати умури дохилии Хатлон, афсарони милисаро танқид кард, ки ба зидди қиморбозӣ дар кӯчаҳои Қӯрғонтеппа дуруст мубориза намебаранд.
Искандар Солеҳзода, сардори Раёсати корҳои дохилӣ дар вилояти Хатлон ахиран яке аз афсарони зердасташро дар ҳузури хабарнигорон барои муборизаи нокофӣ бар зидди бозии ғайриқонунии "алик малик", сарзаниш кард.
Назарҳо дар мавриди Рӯзи ошиқон ё рӯзи Валентин дар водии Вахш мухталиф аст. Иддае мегӯянд, ки таҷлили Рӯзи ошиқон гуноҳ аст ва иддае дигар тибқи бовар ва хостаҳои худ аз рӯзи ошиқон ҷашн мегиранд.
Гулрухсор ва Баҳодур -- зану шавҳар аз деҳаи Ваҳдати ноҳияи Бохтар ҳастанд, ки дар Рӯзи ошиқон аз деҳа ба шаҳри Қӯрғонтеппа омада, барои якдигар тӯҳфа хариданд ва қарор гузоштанд, бидуни бачаҳо имрӯзро таҷлил кунанд.
Мудири як мактаб дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ба хотири онки ягон хонандааш ба донишгоҳ дохил нашудааст, аз вазифа истеъфо дод. Эргаш Абдулаҳайитов 5 соли ахир мудири мактаби рақами 59 дар ин ноҳия буд.
Сокинони Ҳосилободи ноҳияи Вахш иддао доранд, ки як соҳибкор роҳ ба сӯи хонаашонро баста, дар ҷойи бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва хобгоҳи омӯзгорон иморати муҳташами шахсӣ сохтааст.
Сокинони Ҳосилободи ноҳияи Вахш иддао доранд, ки соҳибкор Тоҷиддин Гулов роҳ ба сӯи хонаашонро баста, дар ҷойи бунгоҳи тиббӣ, китобхона ва хобгоҳи омӯзгорон иморати муҳташами шахсӣ сохтааст.
Ҳукумати шаҳри Қӯрғонтеппа, маркази вилояти Хатлон ният дорад дар марҳилаи аввал 39 автобуси мусофиркаш ҳамроҳ бо 100 худрави кирокашро барои хадамоти нақлияи шаҳр ва ноҳияҳои атрофи он ворид созад.
Хабарнигорони Радиои Озодӣ дари чандин хонаводаи муҳоҷирони кориро кӯфтанд, то бубинад, ки зиндагиву хароҷоти онҳо дар Тоҷикистон то куҷо дигар шудааст.
Ёфтҳои бештар