Ҳазорон деҳқон дар вилояти Хатлон бузургтарин вилояти кишоварзии Тоҷикистон имсол аҳволе доранд, ки даҳсолаҳо надоштанд. Сафар Маҳмадназаров, аз ноҳияи Вахш, яке аз онҳост. Аз замоне, ки худро мешиносад, ҳеҷ гоҳ чунин аҳволро надида буд, ки сари киштзори гандум биравад ва онро хушку зард бубинад.