Ҳушдори Созмони Ҷаҳонии Беҳдошт аз афзоиши гирифторони полиомелит ё фалаҷи атфол дар бархе аз кишварҳои ҷаҳон, аз ҷумла Афғонистон ва Покистон мақомоти Тоҷикистонро водор кардааст, ки даври дувуми эмкунии кӯдаконро зидди ин беморӣ оғоз кунанд.
Ҷавоне, ки додгоҳи ноҳияи Исмоили Сомонӣ ӯро барои паҳн кардани наворҳои фаҳшо ё порнографӣ 20 000 сомонӣ ҷарима баст, мегӯяд, амалан ӯро барои нашри китобҳое ҷазо доданд, ки дар дохилашон маводи фаҳш ҳам будааст.
Мақомоти интизомии Тоҷикистон мегӯянд, сабаби задухӯрди дастаҷамъона дар маҳбаси шаҳри Ваҳдат ва куштори яке аз маҳбусон рақобат барои мақоми “пахани зона” набудааст.
Адиби тоҷик Толибшоҳи Давлат барои асари "Турнаҳо дар баҳорон" дар озмуни минтақавии "Новеллазия" баранда шуд. Ин асари ӯ акнун бояд ба русиву англисӣ тарҷума ва нашр шавад.
Дар ҳамоише бахшида ба Рӯзи байналмилалии озодии баён дар Душанбе аз он нигаронӣ шуд, ки дар журналистикаи тоҷик меъёрҳои байналмилалӣ аз байн мераванд.
Дар Тоҷикистон ба зудӣ заминаҳои қонунии таъсиси низоми бонкдории исломӣ таҳия хоҳад шуд. Таҳлилгарон мегӯянд, чунин низом барои кишваре ки 97 дарсади аҳолиаш мусалмон аст, як амри табиист.
Дар Рӯзи ҷаҳонии рақс – 29-уми апрел - ҳунаршиносони тоҷик аз тағйири куллӣ дидани рақси мардонаи тоҷикӣ изҳори нигаронӣ мекунанд.
Тазод аст, ки дар семоҳаи аввали соли равон содироти нахи пахта аз Тоҷикистон қариб 64 дарсад кам шуда, вале дар ҳамин муддат истеҳоли матоъ ва маҳсулоти дӯзандагӣ низ коҳиш ёфтааст.
Маҳинаи Даврон мегӯяд, ҳадаф аз таъсиси торномаи "Порсӣ анҷуман" ба хатти сирилик ҳам огоҳ кардани ҷомиаз таҳқиқоти анҷомшуда пиромуни забони форсист ва ҳам боло бурдани дониши забони форсии мардуми Тоҷикистон.
Хадамоти муҳоҷирати Тоҷикистон барномаеро дар миёни донишҷӯёни донишгоҳҳо ва шогирдони мактабҳо роҳандозӣ кардааст, то онҳо дар бораи шеваи сафар ва муҳоҷирати корӣ ба хориҷи кишвар, ба хусус Русия огаҳии бештар дошта бошанд.
Коршиносон гуфтанд, ҳукми қатл ба коҳиши ҷинояткорӣ сабаб намешавад, вале додситон мегӯяд, дар баъзе мавридҳо интихоби дигаре ба ҷуз аз ин ҳукм дар миён нест.
Парвинаи 14-сола, сокини ноҳияи Ҳисор, ки гӯё аз ҷониби Аҳмадҷони Мавлон, як ҷавонписари ин ноҳия, мавриди озори ҷинсӣ қарор гирифтааст, мегӯяд, бо фишор алайҳи ин шахс баёнот додааст ва ҳабси ӯро ноодилона мешуморад.
Шавкат Раҳмонов, марди 74-солае, ки субҳи 27 март худро дар рӯбарӯи Қасри президенти Тоҷикистон дар маркази Душанбе оташ зад, даргузашт.
Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон ислоҳи бархе бандҳои қонуни интихоботро танҳо аз тариқи райъпурсии саросарӣ имконпазир хондааст.
Раҷабмоҳи Холиқ, ки 40 сол дорад, се сол инҷониб ба соҳибкорӣ машғул буда, фаъолияташро бо маблағи қарз аз бонк шурӯъ намудааст.
Рӯзи 23 март барои бори аввал дар Душанбе бахшида ба Рӯзи ҷаҳонии беморони синдроми Даун намоиши аксҳо аз лаҳзаҳои гуногуни ҳаёти ин беморон баргузор шуд.
Рӯзи 23 март дар Душанбе, пойтахти Тоҷикистон ногаҳон барф борид. Аммо ҳавошиносон мегӯянд, ҳавои сард дар Душанбе ва манотиқи дигари Тоҷикистон дер нахоҳад поид, балки баҳор ба ҳолати оддиаш зуд бар хоҳад гашт.
Додгоҳи олии Тоҷикистон пас аз шаш моҳи боздошт Алимурод Маханов, машҳур бо лақаби «Устод»-ро ба 21-у ним соли зиндон маҳкум кард.
Маросими «Хонатаконӣ», яке аз оинҳои вижаи наврӯзӣ, аслан ду ҳафта қабл аз фаро расидани Наврӯз шурӯъ мешавад.
Омезиши атлас бо чакан дар либос аз сӯи тарроҳони тоҷик яке аз мӯдҳо ё муди Наврӯзии соли 2014 дониста мешавад.
Ёфтҳои бештар