Муҳсин Фахризодаро кӣ кушт? Рӯҳонӣ гумонбаронро гуфт, Исроилу Амрико шарҳ надоданд

Муҳсин Фахризода

Раисҷумҳури Эрон мақомоти Исроилро муттаҳам кард, ки бо қатли донишманди ҳастаӣ, Муҳсин Фахризода, барои Амрико "муздурӣ" кардаанд.

Ҳасани Рӯҳонӣ рӯзи 28-уми ноябр дар сомонаи расмиаш навишт: "Бори дигар дастони палиди истикбор (зӯргӯй ё худсар)-и ҷаҳонӣ бо муздурии режими ғосиби саҳюнистӣ ба хуни фарзанде аз фарзандони барӯманди ин марзу бум оғушта шуд ва миллати Эронро дар ғаму андӯҳи аз даст додани донишманде барталош фурӯ бурд."

"Истикбори ҷаҳонӣ" иборае аст, ки мақомоти Эрон аксар вақт нисбат ба Амрико истифода мебаранд ва манзурашон аз "режими ғосиби саҳюнистӣ" Исроил аст.

Муҳсин Фахризода, донишманди ҳастаии Эрон, рӯзи 27-уми ноябр дар ҳамлае дар наздикии Теҳрон кушта шуд. Ин ҳодиса эҳтимоли авҷ гирифтани танишҳоро миёни Эрону Амрико ва муттаҳиди наздики он Исроил бештар кардааст.

Алӣ Акбар Солеҳӣ, раиси Оҷонси ҳастаии Эрон, рӯзи 28-уми ноябр қавл дод, ки кушта шудани Муҳсин Фахризода барномаи ҳастаии кишварашро бознамедорад. Расонаҳои эронӣ ба нақл аз ӯ навиштанд, "роҳи Фахризода акнун бо шиддати бештаре идома мекунад."

Эрон зуд Исроилро дар қатли Муҳсин Фахризода муттаҳам кард ва дар айни замон гуфт, ки Амрико низ ба таври мустақим ё ғайримустақим нақш дорад. Ба иттилои расонаҳои давлатии Эрон, ҳодиса замоне рух додааст, ки як мошини ҳомили маводи тарканда дар наздикии мошини Фахризода таркидааст. Пас аз истодани мошин, ҳадди ақал панҷ шахси мусаллаҳ ба донишманд ва муҳофизонаш ҳамла кардаанд.

Мошини Муҳсин Фахризода

Муҳаммадҷавод Зариф, вазири корҳои хориҷии Эрон, иддао кард, ки "нишонаҳои ҷиддӣ"-и нақши Исроил дар ҳодиса вуҷуд дорад. Ӯ дар Твиттер навишт, "террористҳо имрӯз донишманди барҷастаи Эронро ба қатл расонданд. Ин буздилӣ бо нишонаҳои ҷиддии нақши Исроил баёнгари ҷангафрӯзии ноумедонаи муҷримон аст."

Зариф ҳамчунин аз Иттиҳоди Аврупо хост, ба стандарт ё меъёрҳои, ба қавли ӯ, "дугона" ва "шармовар" поён диҳад ва ин ҳодисаро маҳкум кунад.

Исроил аз шарҳи фаврӣ дар мавриди кушта шудани Фахризода худдорӣ кард. Вазорати мудофиа, Кохи Сафед, Вазорати корҳои хориҷӣ ва Хадамоти амнияти федеролии Амрико низ шарҳе надодаанд.

Нашрияи "Ню-Йорк Таймз" бо такя ба як мақоми амрикоӣ ва ду мақоми дигари амниятӣ гуфт, дар пушти ҳамла Исроил меистад, ҳарчанд мушаххас нест, ки Амрико дар бораи ин амалиёт чӣ иттилое доштааст.

Бенямин Нетаняҳу, сарвазири Исроил, дар суханронии соли 2018 дар мавриди фаъолиятҳои ҳастаии Эрон гуфта буд, "номи Муҳсин Фахризодаро дар ёд дошта бошем".

Муддатҳост, ки Исроил ба анҷоми як силсила кушторҳои ҳадафмандонаи донишмандони ҳастаии Эрон ва амалиёти дигари вайронгарона ба зидди Эрон бо истифода аз намояндагони Муҷоҳиддини халқ (як гуруҳи мухолифи мамнуъ) гумонбар аст.

Кушта шудани Фахризода, ки хадамоти амниятии ғарбӣ ӯро "мағзи мутафаккир"-и барномаҳои ҳастаии Эрон медонистанд, мумкин аст, иҷрои ҳадафи Ҷо Байден, раиси ҷумҳури мунтахаби Амрикоро барои эҳёи муколама бо Эрон суст кунад. Байден гуфтааст, агар Теҳрон ба иҷрои тавофуқи ҳастаии соли 2015 иқдом кунад, саъй хоҳад кард ба он бипайвандад. Президент Доналд Трамп соли 2018 Амрикоро аз ин созиш берун карда буд.

Мақомоти эронӣ гуфтаанд, интиқоми қатли Фахризодаро хоҳанд гирифт. Мушовири низомии Оятуллоҳ Алии Хоманаӣ, раҳбари Эрон, қавл додааст, ки "монанди раъду барқ ба қотилон ҳамла мекунанд".

Ҳусейн Деҳқон дар Твиттер навишт, "дар рӯзҳои охирини зиндагии сиёсии муттаҳиди худ (манзур Доналд Трамп, раиси ҷумҳури Амрико), исроилиҳо дар пайи бештар кардани фишор ба Эрон ва эҷоди ҷанги комил ҳастанд."

Муҳсин Фахризода барномаи ба истилоҳ "Амад"-и Эронро раҳбарӣ мекард, ки ба гуфтаи Исроил ва кишварҳои ғарбӣ амалиёти низомӣ барои арзёбии маконҳои сохти силоҳи ҳастаӣ аст.

Оҷонси байналмилалии энержии атомӣ мегӯяд, барномаи “Амад” дар соли 2003 ба поён расид. Бозрасони Оҷонс дар ҳоли ҳозир маконҳои ҳастаии Эронро ҳамчун бахше аз тавофуқи Эрон ва қудратҳои ҷаҳон дар соли 2015 назорат мекунанд. Тавофуқе, ки баъди берун шудан Амрико, Эрон ба тадриҷ поймол кардааст.