Димишқ дар коми оташ

Рӯзе пештар аз ин дасти кам се мақоми баландпояи ҳукумати Башор Асад дар як бомбгузорӣ кушта шуданд. Сокинони Димишқ мегӯянд, сарбозони артиши Сурия, ки аз рӯзи якшанбе алайҳи ошӯбгарон дар маркази шаҳр меҷанганд, имрӯз ба маҳалҳои аҳолинишин бо тӯпхонаҳо ҳамла карданд.

Мухолифини давлат ин ҳамларо “ҳамлаҳои талофиҷӯёна” барои қатли атрофиёни наздики раиси ҷумҳур Башшор Асад, аз ҷумла вазири дифоъ ва бародарзодаи ӯ хондаанд. Маълум нест, ки худи Башор Асад куҷост. Дигар ин ки қарор аст, имрӯз Шӯрои Амнияти Созмони Милал пешнависи қатъномаи нав дар мавриди Сурияро баррасӣ кунанд. Вале Русияву Чин гуфтаанд, ки ҳаргуна қатъномаи дорои таҳрим алайҳи ҳукумати Башор Асадро рад хоҳанд кард.


Браузери шумо HTML5-ро намешиносад

Димишқ дар оташи ҷанг