Раҳбари мухолифини Украина Виталий Кличко аз раҳбарони Аврупо хост, то алайҳи аъзои ҳукумати раисиҷумҳури Украина Виктор Янукович таҳримот ҷорӣ кунанд.
Қаҳрамони собиқи бокси ҷаҳон ва раҳбари ҳизби УДАР, яке аз ташаккулҳои умда дар тазоҳуроти давомдори мухолифин дар саросари Украина, баъд аз даргириҳои шаби ҷумъа байни тазоҳургарон ва нирӯҳои пулис дар беруни додгоҳи Киев, ки дар натиҷааш дастикам 10 эътирозгар, бо шумули вазири собиқи умури дохилаи Украина Юрий Лутсенко ҷароҳат бардоштанд, сӯҳбат мекард.
Виталий Кличко аз ҷумла гуфт: “Ман дар Олмон бо вакилони парлумон ва сисёатмадорони Аврупо мулоқотҳо доштам. Қабл аз ин ҳодиса, бархе сиёсатмадорон ҳанӯз умедвор буданд, ки мақомоти Украина даст ба истифодаи нирӯ нахоҳанд зад, чунки ваъда дода буданд, ки ҳеҷ гоҳ ин корро намекунанд. Аммо ҳоло назари онҳо дигар шудааст. Онҳо мефаҳманд, ки режими Янукович аз ягон коре ҳазар намекунад. Ба ин далел, масъалаи таҳримоти шахсӣ ҳоло беш аз ҳар вақти дигар матраҳ аст.“
Раҳбари ҳизби УДАР афзуд, ки ба ақидаи ӯ, танҳо ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи мақомҳои украинии дар саркӯби эътирозгарон дастдошта метавонад муассир биуфтад: “ Ман дигарбора аз сиёсатмадорони аврупоӣ даъват мекунам, ки ин масъаларо ҳарчӣ зудтар ба баррасӣ бигиранд. Танҳо таҳримоти шахсӣ алайҳи онҳое, ки сутуни режими Янукович ба шумор мераванд, метавонад ин режимро (аз саркӯби бештари мухолифонаш) манъ бикунад.”
Вазъ дар пойтахти Украина шоми ҷумъа замоне ба хушунат печид, ки додгоҳ 3 нафарро бо иттиҳоми қасди таркондани ҳайкали асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ин қасди онҳоро ҳамчун амали террористӣ шинохт, ки мунҷар ба эътирози издиҳоми дар атрофи додгоҳ ҷамъомада гардид.
Бино ба хабарҳо, дар хушунатҳо ҳудуди 10 эътирозгар ҷароҳат бардоштанд. Вазорати умури дохилии Украина мегӯяд, 20 афсари пулис низ дар ин даргириҳо бо тазоҳургарон осеб дидаанд.
Вазири собиқи умури дохилии Украина ва раҳбари ҳизби мухолифи Ҷумҳурии сеюм Юрий Лутсенко, ба гуфтаи ҳамсар ва ҳамсафонаш аз ин ҳизб, аз ноҳияи сараш сахт зарб хӯрда, дар бемористон аст. Додситонии Украина эълон кард, ки дар қиболи мавриди латукӯби Лутсенко парванда боз кардааст.
Шаби гузашта эътирозгарони зидди давлат ба нишони эътироз ба саркӯби ахири тазоҳургарон ба роҳҳои Киев рехтанд. Онҳо савори мошинҳо бо сигнали баланд ба сӯи дафтари “Беркут” – нирӯҳои вижаи пулис – ҳаракат карданд.
Танишҳо байни давлат ва мухолифини Украина аз поёни моҳи ноябр, аз замоне ки Виктор Янукович аз имзои қарордоди мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид, идома доранд. Мухолифин давлати Януковичро ба он айбдор мекунанд, ки таҳти фишори Русия манфиатҳои стротегии Украинаро, ки ба бовари онҳо, пайвастан ба ниҳодҳои қораист, зери по мекунад. Эътирозҳое ки инак 50 рӯз боз дар Украина идома доранд, густардатарин эътирозҳо дар ин кишвар аз замони “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004 шинохта мешаванд.
Виталий Кличко аз ҷумла гуфт: “Ман дар Олмон бо вакилони парлумон ва сисёатмадорони Аврупо мулоқотҳо доштам. Қабл аз ин ҳодиса, бархе сиёсатмадорон ҳанӯз умедвор буданд, ки мақомоти Украина даст ба истифодаи нирӯ нахоҳанд зад, чунки ваъда дода буданд, ки ҳеҷ гоҳ ин корро намекунанд. Аммо ҳоло назари онҳо дигар шудааст. Онҳо мефаҳманд, ки режими Янукович аз ягон коре ҳазар намекунад. Ба ин далел, масъалаи таҳримоти шахсӣ ҳоло беш аз ҳар вақти дигар матраҳ аст.“
Раҳбари ҳизби УДАР афзуд, ки ба ақидаи ӯ, танҳо ҷорӣ кардани таҳримот алайҳи мақомҳои украинии дар саркӯби эътирозгарон дастдошта метавонад муассир биуфтад: “ Ман дигарбора аз сиёсатмадорони аврупоӣ даъват мекунам, ки ин масъаларо ҳарчӣ зудтар ба баррасӣ бигиранд. Танҳо таҳримоти шахсӣ алайҳи онҳое, ки сутуни режими Янукович ба шумор мераванд, метавонад ин режимро (аз саркӯби бештари мухолифонаш) манъ бикунад.”
Вазъ дар пойтахти Украина шоми ҷумъа замоне ба хушунат печид, ки додгоҳ 3 нафарро бо иттиҳоми қасди таркондани ҳайкали асосгузори давлати Шӯравӣ Владимир Ленин ба 6 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳ ин қасди онҳоро ҳамчун амали террористӣ шинохт, ки мунҷар ба эътирози издиҳоми дар атрофи додгоҳ ҷамъомада гардид.
Бино ба хабарҳо, дар хушунатҳо ҳудуди 10 эътирозгар ҷароҳат бардоштанд. Вазорати умури дохилии Украина мегӯяд, 20 афсари пулис низ дар ин даргириҳо бо тазоҳургарон осеб дидаанд.
Шаби гузашта эътирозгарони зидди давлат ба нишони эътироз ба саркӯби ахири тазоҳургарон ба роҳҳои Киев рехтанд. Онҳо савори мошинҳо бо сигнали баланд ба сӯи дафтари “Беркут” – нирӯҳои вижаи пулис – ҳаракат карданд.
Танишҳо байни давлат ва мухолифини Украина аз поёни моҳи ноябр, аз замоне ки Виктор Янукович аз имзои қарордоди мушорикат бо Иттиҳодияи Аврупо даст кашид, идома доранд. Мухолифин давлати Януковичро ба он айбдор мекунанд, ки таҳти фишори Русия манфиатҳои стротегии Украинаро, ки ба бовари онҳо, пайвастан ба ниҳодҳои қораист, зери по мекунад. Эътирозҳое ки инак 50 рӯз боз дар Украина идома доранд, густардатарин эътирозҳо дар ин кишвар аз замони “инқилоби норанҷӣ”-и соли 2004 шинохта мешаванд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад