Додситонии кулли Тоҷикистон Файзи Олӣ, адвокати шинохтаро ба додгоҳ кашидааст

Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), адвокати шинохта дар Тоҷикистон

Додситонии кулли Тоҷикистон Файзи Олӣ (Файзалӣ Юлдошев), адвокати шинохтаро барои "дурӯғгӯӣ" нисбат ба кормандонаш ба додгоҳ кашидааст.

Шикояти Додситонии куллро додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе баррасӣ мекунад.

Дар додгоҳи ноҳияи Сино рӯзи 22-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки парвандаи Файзи Олӣ бар асоси моддаи 346, банди 3-и Кодекси ҷиноятӣ, яъне "Дидаю дониста расонидани хабари бардурӯғ нисбат ба прокурор" баррасӣ мешавад.

Ин банди Кодекси ҷиноятӣ аз панҷ то ҳафт сол ҷазо пешбинӣ кардааст. Намояндаи Додситонӣ аз додгоҳ хостааст, ки Файзи Олиро шаш сол зиндонӣ кунанд.

Файзи Олӣ, адвокати шинохта, рӯзи 22-юми ноябр шикояти Додситонии куллро беасос номид. Ӯ гуфт, пас аз он нисбат ба ӯ ба додгоҳ шикоят бурдаанд, ки ӯ аз фасодкории кормандони Додситонӣ ба Оҷонсии зидди фасод, Шӯрои амният ва дастгоҳи иҷроияи президент шикоят карда буд.

Додситонии кулли Тоҷикистон расман шикояташро шарҳ надодааст, вале Файзи Олӣ мегӯяд, ин ниҳод даст доштани кормандонаш дар фасодро рад карда, аризаҳои ӯро "дурӯғ" номидааст.

Ӯ гуфт, бе далел ариза нанавиштааст ва ҳозир аст, дар додгоҳи бетарафона онҳоро исбот кунад.

"Дар моҳи июл бидуни огоҳ сохтани ман парванда боз карда шудааст ва фақат баъди як моҳ маро огоҳ карданд. Дар мурофиаи навбатӣ ман сухани ҳимоятии худро ироа мекунам ва бо далел собит мекунам, ки дурӯғ нагуфтаам. Ман дар мурофиа ҳамчун ҳуқуқшинос аз худам дифоъ мекунам,"--гуфт Файзи Олӣ.

Мурофиаи додгоҳӣ бо шикояти Додситонии кулл нисбат ба Файзи Олӣ ҳафтаи оянда идома хоҳад кард.

Файзи Олӣ дар шабкаҳои иҷтимоӣ низ фаъол буда, дар бораи кори мақомот шарҳҳо менависад.