Навозандагони амрикоӣ бо иҷрои ду барнома ба сокинони Душанбе асарҳои мусиқии классикии ғарбиро муаррифӣ карданд. Яке аз ин барномаҳо ройгон буд.
Нахустин консерти пианинонавоз Ҷенифер Ҳимстра ва ғижжакнавоз Патрик Йим дар толори театри опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ баргузор шуд. Навозандагони амрикоӣ дар канори офаридаҳои бастакарони ғарбӣ ҳамчунин чанд намунае аз мусиқии эҷодкардаи бастакорони тоҷик, аз ҷумла “Ситораи ман”-и Зиёдулло Шаҳидиро иҷро карданд.
Патрик Йим рӯзи 27-уми октябр дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, талош мекунад дар ҳар кишваре мусиқии бастакорони он кишварро иҷро кунад.
“Ман навохтани мусиқии халқҳои гуногунро дӯст медорам ва аз он ҷумла мусиқии тоҷиконро. Медонам, ки ҳар як халқ мусиқии худро дӯст медорад. Ҳоло бастакори тоҷикеро ҷустуҷӯ мекунам, ки тавонам оҳангҳои ӯро бинавозам. Чанд моҳ қабл ба Тоҷикистон омадем ва яке аз оҳангҳои Толиб Шаҳидиро иҷро кардем”, -- гуфт ӯ.
Баъзе иштирокдорони консерт гуфтанд, ки аз кори ин ду ҳунарманд «роҳат кардаанд». Манижа Аҳмадова, роҳбари радиои “Азия Плюс” гуфт: “Ҳарчанд ба чунин консерт бори аввал омадам, бароям хеле писанд афтод. Рӯзи кории вазнин доштам ва дар ин консерт роҳат кардам. Фазои ороме буд. Бо ин ҳунарманд чанде пеш сӯҳбат доштам ва ӯ маро ба консерт даъват кард. Барои дастгирии вай омадам ва пушаймон нашудам”.
Дар Тоҷикистон мардум бештар ба мусиқии суннатӣ ва эстрада таваҷҷӯҳ доранд. Ба андешаи Патрик Йим, баргузории консертҳо аз сӯйи ҳунармандони ҳирфаӣ таваҷҷӯҳи мардуми тоҷикро ба мусиқии классикии ғарбӣ бештар мекунад. Вай мегӯяд, “барои он ки мардуми тоҷик мусиқии классикии ғарбиро дӯст дорад, бояд консертҳое баргузор кард, ки дар он навозандагони сатҳи баланд мусиқии бастакарони машҳурро иҷро кунанд. Танҳо тавассути консертҳо мардум метавонанд ба мусиқӣ дилбастагӣ пайдо кунанд.”
“Мусиқӣ мардуми мухталифро бо ҳам мепайвандад.” Ин шиори Созмони Пич Фай Фондейшен аст, ки аз сӯйи Ҷенифер Ҳимстра таъсис шудааст ва сармоягузори ин сафари ҳунарӣ мебошад.
Ба қавли Ҷенифер ин барнома барои шинохти Тоҷикистон кумак мекунад. Вай гуфт, “муҳимаш ин аст, ки дӯстонам аксҳову наворҳои консерти манро дар Тоҷикистон тамошо карда, мепурсанд, ин чӣ кишварест ва алоқаманди сафар ба кишвари шумо мешаванд. Тавассути ин консерт Тоҷикистон дар ҷаҳони мусиқӣ бештар шинохта мешавад”.