Додгоҳи ноҳияи Исмоилии Сомонии пойтахт рӯзи 19 - уми май Ҳусейн Қурбонов, сокини 25-солаи Душанберо бо моддаи 212 қисми 2 - и Кодекси ҷиноӣ, яъне “барои аз беэҳтиётӣ ба марг расонидани инсон”, ба 6 соли зиндон маҳкум кард.
Садамаи маргбор бо ширкати ин ронанда, қабл аз зӯҳри 7 марти соли равон дар гузаргоҳи назди мактаби тоҷикию русии рақами 14, воқеъ дар канори роҳи мошингарди хиёбони Рӯдакӣ рух дод. Хонандагони синфҳои панҷ Карима Қурбонова, Ширин Қаюмова ва Сафина Наврӯзова ҳангоми убур аз гузаргоҳ зери чархи мошини тамғаи "Опел"-и ӯ монданд. Дар натиҷа Карима Қурбонова ба ҳалокат расид ва ду духтари дигар ҷароҳат бардоштанд. Ронандаи мошинро ҳамонҷо боздошт карданд.
Ҳусейн Қурбонови 25-сола, қабл аз ин садама ҳам бо ҷурми ғоратгарӣ маҳкум ба зиндон шудаааст. Ӯ рӯзҳои ҳодиса, шартан пеш аз мӯҳлат ба озодӣ баромада, зери назорат қарор доштааст. Рӯзи 7- уми март вай бо киро кардани мошини дӯсташ барои хариди қисмҳои эҳтиётии мошин ба маҳаллаи "Водонасос" мерафтааст ва дар роҳ ба ин садама дучор шудааст.
Ҳусейн Қурбонов дар толори додгоҳ дар робита ба садама чизе гуфтан нахост, аммо наздиконаш ҳодисаро тасодуф номиданд. Волидони ҷабрдидаҳо ва омӯзгорон аз ҳукми додгоҳ шикоят надоранд ва мегӯянд, шояд ин ҳукм барои даҳҳо ронандаи дигар, ки қоидаи ҳаракат дар роҳро риоя намекунанд, дарси ибрат шавад.
НАВОР АЗ БОЙГОНӢ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Шоира Мухторова, раҳбари синфи хонандаҳои синфи 5 дар мактаби рақами 14, мегӯяд, ин ҳодиса танҳо бо айби ронанда сар зад, чунки хонандаҳо аз қоидаи роҳ огоҳ буданд. Ҳоло ба гуфтаи ӯ, яке аз ин духтарон Ширин Қаюмова, ки нисбатан ҷароҳаташ сабук буд, пурра ба дарс баргаштааст, аммо Сафина Наврӯзова - хонандаи дигар, баъди ин ҳодиса ҷарроҳӣ шуда буд ва ҳанӯз ҳам ҳолаш хуб нест. Ӯ то ба ҳол наметавонад дар дарсҳо мунтазам иштирок кунад.
Садамаи маргбори рӯзи 7-уми март дар гузаргоҳи назди мактаб, ки бо марги як хонанда ва ҷароҳат бардоштани ду нафари дигар анҷом ёфт, дар ҷомеа баҳсҳоеро ба миён овард ва дар мактаб ва атрофи он бисёр чизҳоро тағйир дод. Ҳоло баъди солҳои зиёд дар гузаргоҳи назди ин мактаб чароғак насб карданд.
Дӯкони майдафурӯшиеро, ки дар муқобили гузаргоҳ буд, бастанд ва волидон ҳам нисбат ба мактабу ронандаҳои бачаҳояшон сахтгир шудаанд.
НАВОР АЗ БОЙГОНӢ
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад