Рақобати Обама ва Клинтон шадидтар мешавад

Аз байни Обама ва Клинтон бояд як нафар номзад аз Ҳизби демократ дар интихобот бошад

Дар раъйгириҳои муқаддамотии Ҳизби демократи ИМА дар иёлати Вайоминг сенатор Барак Обама бо касби 61 дарсади овозҳо дастболо шуд.

Мутахассисон бар ин ақидаанд, ки баъд аз бохташ дар ду иёлати муҳим - Оҳайо ва Техас дар ҳафтаи гузашта маъракаи интихоботии Обама ба як ангезиши мусбат ниёз дошт ва ҳарчанд иёлати Вайоминг ба ҳамоиши ниҳоии демократҳо ҳамагӣ 23 вакил эъзом мекунад, ин пирӯзӣ барои Обама бештар аҳамияти равонӣ дошт.

Шореҳон мегӯянд, дар Вайоминг Обама рақибаш сенатор Ҳиллари Клинтонро бидуни ҳеҷ мушкили ва ба осонӣ шикаст додааст. Қабл аз раъйгирӣ дар Оҳайо ва Техас Барак Обама дар муқоиса бо Ҳиллари Клинтон орои бештари вакилонро дар даст дошт ва пешсафиаш чашмрас буд, аммо собиқ хонуми аввали Амрико баъд аз ғалабааш дар он ду иёлат мавқеъашро мустаҳкамтар кард ва ба Обама наздиктар шуд.

Дар айни ҳол Обама дар ихтиёри худ раъйи 1527 вакилро дорад ва ин дар ҳолест, ки рақибаш хонум Клинтонро феълан 1428 вакил дастгирӣ мекунанд. Аммо ба назари коршиносон, то расидан ба касби раъйи дасти кам 2025 вакили анҷумани ҳизби демократ барои Обама ва Клинтон ҳанӯз муборизаҳои асосӣ дар пешанд ва дар ин мубориза акнун ҳар пирӯзие, ки ба даст меояд, аҳамияти фавқулодда пайдо мекунад. Ҳатто пирӯзии кӯчаке назари ғалабаи Обама дар Вайоминг.

Раъйгирии навбатӣ ҳамин тавр дар иёлати Миссисипӣ доир мегардад, ки низ иёлати хурде буда, ҳамагӣ 33 вакил дорад. Миссисипӣ дар ҷануби Амрико воқеъ буда, ҷамъияти сиёҳпустонаш бештар аст ва аз ин лиҳоз шореҳон эҳтимоли пирӯзии Барак Обамаро дар он иёлат бештар ҳисоб мекунанд.

Аммо ҷонибдорони ҳарду довталаб ба мақоми номзадӣ ба интихоботи раёсатҷумҳурии Амрико аз ҳизби демократ беш аз ҳама мунтазири раъйгирии 22 апрел дар иёлати Пенсилвания ҳастанд, ки бо 158 вакиле, ки ба анҷумани ҳизби демократ мефиристад, барои ҳарду довталаб аҳамияти бузург дорад.

Аммо номзади ниҳоии ҳизби ҷумҳурихоҳ сенатор Ҷон МакКейн дигар мунтазири маълум шудани рақиби ниҳоияш аз ҳизби демократ дар интихоботи моҳи ноябр нишастааст. Таҳлилгарон мегӯянд, вазъи пешомада дар корзори демократҳо ба нафъи ӯст, чунки МакКейн сабқати дохилиҳизбиро аллакай ба фоидаи худ анҷом дода, ҳоло фурсат дорад хуб истироҳат карда, бо як неруи тоза вориди набард шавад. Вориди набарде, ки бурдаш ин бор курсии раёсати ҷумҳурии Амрико хоҳад буд.