Оё шиканҷаи як наврас ҳодисаи тасодуфист?

Иттилоъи бештар


Бо салом хидмати ҳамватанони азизу меҳрубон
Дар мавриди милисаи Тоҷикистон бояд гуфт, ки ҳамаи онҳо ин хел нестанд дар байни онҳо боинсоф пайдо мешавад, вале аксаран одамҳои бетаваҷҷӯҳ ва бемасълият ҳастанд ки ба ҳамватанони худ тӯҳмат зада вайҳоро ба зиндону шиканҷа мекашонанд. Ин ҳама зиндонӣ дар ватани хеле камбизоати мо аз руи ин хел милисаҳои бемасъулият ба вуҷуд меояд, зеро афродеро бегуноҳ дастгир карда ба зиндон меафтонанд ва аз руи онҳо нон мехӯранд. Ин як тасодуф не, балки сохтаи ҳамин милисаҳои бемасъулият мебошад.
Ва инки шиканҷа дар кишвари мо вуҷуд дорад, бале инро ҳеч кас наметавонад инкор кунад, зеро ин дар ҳама кишвар вуҷуд дорад, вале дар чорчубаи қавонине махсус вале дар кишвари мо ин риоят намешавад ва хеле шиканҷа медиҳанд. Аз Президенти мӯҳтарам Э Ш Раҳмонов хоҳонем ки ин роҳро ҳарчи зудтар пешгирӣ кунанд ва милисаҳои коршинос ва вазифашиносро сари кор биёваранд .
Бо ташаккур аз заҳмати шумо.
Сӯҳробҷон
--------------------------------------


Ман чунин афродро шадидан маҳкум мекунам! Ва ин руйдод низ тасодуфӣ нест. Шиканҷа? Шиканҷа аз рузе, ки таваллуд шуд дар Тоҷикистон вуҷуд дошт. Ноболиғро дар боздоштгоҳ мавриди зарбулат қарор додан, боз сенафара - ин як номардист.

Шуҳрат
--------------------------------------
"Шукуфтани гуле нишонаи баҳор аст"!

Аната
--------------------------------------
Вуҷуд дошт, вале дар ҳоли ҳозир шиканҷа дар бештари вақт як амали тасодуфӣ боқӣ мемонад. Ҳоло кормандони полис дар Тоҷикистон он қадар мавқеи баланд надоранд, ки ба ин амал даст бизананд. Дар навоҳӣ аксаран милисаҳо аз мардум меҳаросанд. Чаро ки вокуниши онҳо ба боло меравад.

Раҳим
--------------------------------------

Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.