Паймони низомии НАТО рӯзи ҷумъа аз талафоти ҷонӣ бар асари ҳамлаи иштибоҳии ҳавопаймоҳои он ба шӯришиёни Либия ибрози таассуф кард, вале барои ин иштибоҳаш маъзарат нахост. Бар асари ҳамла ба як тонки шӯришиён дар наздикии шаҳри нафтии Брега дар рӯзи 7 апрел дасти кам ду шӯришӣ кушта шуданд. Адмирал Рассел Ҳардинг, рӯзи ҷумъа дар ин бора гуфт: "Ман маъзарат намехоҳам. Онгуна ки гуфтам, вазъ дар маҳал бисёр печида буд ва бисёр печида боқӣ мемонад ва то дирӯз мо ҳеҷ иттиъоле надоштем, ки шӯришиён ва ё нерӯҳои мухолифин аз танкҳо истифода мекунанд." Аммо баъди ин Андерс Фог Расмуссен, дабири кулли НАТО бо нашрия баёнияе аз талафоти ҷонӣ дар ин ҳодисаи ба гуфтаи ӯ “бисёр таассуфбор” ибрози тааасуф кард. Ва айни замон шӯришиёни Либия аз тарҳи сулҳи пешниҳодии Туркия истиқбол карданд, ки созиши оташбас ва хуруҷи нерӯҳои вафодор ба Муаммар Қаззофӣ аз шаҳрҳои муҳосирашуда дар ғарби кишварро пешбинӣ мекунад.