Муҳлати кори домоди Эмомалӣ Раҳмон дар Туркия ба анҷом расидааст

Ашраф Гулов

Муҳлати кори Ашраф Гулов, домоди президент Эмомалӣ Раҳмон дар мақоми сафири Тоҷикистон дар Туркия ба анҷом расидааст. Ашраф Гулов, шавҳари Парвина Раҳмон, духтари президент аст.

Умут Аҷар, сафири Туркия дар Тоҷикистон 2-юми август бо пахши чанд акс дар сафҳаи фейсбукиаш навишт, Ашраф Гулов ба муносибати поёни кораш бо муовини вазири корҳои хориҷии Туркия Нуҳ Йилмаз вохӯрдааст.

Ашраф Гулов моҳи июли соли 2021 сафири Тоҷикистон дар Туркия таъин шуд ва каме бештар аз се сол дар ин мақом кор кард. Гулов пеш аз ин сардори яке аз раёсати Вазорати корҳои хориҷӣ ва консули Тоҷикистон дар Русия буд.

Муҳлати кори дипломатҳои Тоҷикистон дар хориҷ се сол аст, аммо он на ҳамеша муроот мешавад. Баъзе сафирон солҳои дароз кор мекунанд, баъзеи дигар бо сабабҳои гуногун, аз ҷумла таъин шудан ба мансаби нав, бозхонд мешаванд.

Номи Ашраф Гулов соли 2023 дар пайванд ба як таҳқиқоти Радиои Озодӣ расонаӣ шуда буд. Радиои Озодӣ дар таҳқиқоти рӯзноманигорӣ тирамоҳи соли 2023 маълум кард, ки муассиси "Сифат саноат" Парвина Раҳмонова, духтари Эмомалӣ Раҳмон ва ҳамсари сафири Тоҷикистон дар Туркия Ашраф Гулов аст. "Сифат саноат" либосҳои тиббӣ ва низомӣ медӯзад ва тендерҳои давлатиро соҳиб мешавад.

Таҳқиқоти нишон дода буд, ки Ашраф Гулов барои тақвияти тиҷорати ширкати ҳамсараш аз мақоми хидматии худ истифода кардааст. Аз ҷумла Гулов дар моҳи ноябри соли 2021 дар мавзӯи "шарикии байни ширкатҳои тиббиву фармакологии тоҷикиву туркӣ" вебинар ташкил кард, гуфта мешавад дар сомонаи сафорати Тоҷикистон дар Туркия.

Ашраф Гулов, писари Гул Шералӣ, вазири пешини энергетика ва саноат аст.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Духтари нонамоёни президенти Тоҷикистон бо ёрии ҳукумат хонигарии тиббӣ бунёд кард. ВИДЕО