Собиқ бозигари "Помир" даргузашт

Шуҳрат Аъзамов, собиқ нимҳимоятгари дастаи овозадори "Помир"-и Душанбе.

Шуҳрат Аъзамов, собиқ нимҳимоятгари дастаи «Помир»-и Душанбе, бар асари бемории тӯлонӣ 21-уми июл дар синни 72-солагӣ дар шаҳри Турсунзода даргузашт.

Ӯ дар ҳайати дастаи машҳури «Помир» аз соли 1971 то соли 1983 дар Лигаи якуми мусобиқоти қаҳрамонии СССР 336 бозӣ карда, 11 гол задааст.

Шуҳрат Аъзамовро дар радифи Владимир Ғуломҳайдаров, Леонид Кириленко, Геннадий Черевченко, Владимир Макаров, Эдгар Гесс, Абдулло Муродов, Мунир Солеҳов ва дигарон аз муҳраҳои калидии дастаи «Помир» ном мебурданд.

Соли 1989 Шуҳрат Аъзамов сармураббии дастаи "Хуҷанд"-и шаҳри Хуҷанд буд. Баъдан ӯ дар ин даста то соли 1991 ба ҳайси мураббӣ фаъолият намудааст. Вай 19 сол (1991-2010) дар бошгоҳи футболи «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ҳамчун мураббӣ кор кардааст. Дар комёбиҳои ин дастаи машҳури кишвар мураббии варзида Шуҳрат Аъзамов саҳми бузург гузоштааст.