"Як муҳоҷирро бо табар ва дигариро буғӣ карда куштанд"

Максим Мартсинкевич - мулаққаб ба Тесак соли 2020 дар зиндон фавтид

Додгоҳе дар вилояти Маскав шаш ҷонибдори миллатгарои рус Максим Мартсинкевич - машҳур бо лақаби Тесакро дар қатли муҳоҷирон айбдор донист.

Ба иттилои тафтишот, соли 2003 ҷонибдорони Тесак - Семён Токмаков ва Андрей Кайл "бо пешниҳоди корҳои сохтмонӣ" ду муҳоҷирро фирефта ба манзили берунишаҳрии хонаводаи Тесак дар вилояти Смоленск бурдаанд. Яке аз муҳоҷиронро бо табар ва дувумиро бо роҳи буғӣ кардан куштаанд. Ҷасади ҳардуро дар қитъаи назди манзил гӯр кардаанд.

Каме дертар Токмаков, Кайл ва чор ҳамроҳашон- ду муҳоҷири дигарро дар ҳудуди пойгоҳи сайёҳии ноҳияи Сергиево-Посад куштаанд. Тафтишот мегӯяд, онҳо ҷинояти худро ба навор гирифта, дар интернет паҳн кардаанд. Ҳамчунин сарҳои аз тан ҷудокардаи муҳоҷиронро дар кӯчаҳои ноҳияи Голяновои Москва партофтаанд.

Тесакро тафтишот яке аз ташкилкунандагони ин ҷиноятҳо унвон мекунад. Маҳз дар асоси нишондодҳои вай парвандаи ҷиноӣ пеш бурда шудааст. Аммо ҷасади Тесакро тирамоҳи соли 2020 дар зиндони Челябинск пайдо карданд. Қарор буд, ӯро дар доираи чанд парвандаи куштори дигар бозпурсӣ кунанд.

Ба иттилои мақомоти Русия, Тесак аз тарси ҳабси якумрӣ дар зиндон худкушӣ кардааст. Наздикони Тесак мегӯянд, ӯро куштаанд. Ҷонибдорони Тесак, ки ахиран дар додгоҳ муҳокима шуданд, гуфтанд таҳти фишору шиканҷа ба гуноҳ эътироф кардаанд. Онҳо дар додгоҳ айбҳои эъломшударо рад карданд.