Раиси ҷумҳури Африқо гуфт, ҷанги Русияву Украина бояд хотима ёбад

Владимир Зеленский ва Сирил Рамафоса дар нишасти хабарии муштарак дар рӯзи 16-уми июни соли 2023.

Сирил Рамафоса, раиси ҷумҳури Африқои Ҷанубӣ рӯзи 16-уми июн аз Русияву Украина хост, муноқишаро фӯру нишонанд. Ӯ дар ин бора баъди мулоқот бо раиси ҷумҳур Владимир Зеленский дар шаҳри Киев суҳбат кард.

Ҳайате аз кишварҳои африқоӣ саъй доранд, барои хотима додан ба ҷанги Русия дар Украина миёнҷигарӣ кунанд. Рамафоса гуфт: “Ин ҷанг бояд фӯру нишинад ва аз роҳи музокирот сулҳ ба даст биёяд. Мо мехоҳем, ҳарду тараф танишҳоро коҳиш диҳанд.”

Сирил Рамафоса афзуд, кишварҳои африқоӣ омодаанд, дар оянда ҳам барои ҳалли муноқиша ширкат намоянд ва назари “Африқо дар бораи сулҳ дар Украинаро” дар миён бигузоранд.

Владимир Зеленский гуфт, ки ӯ раҳбарони кишварҳои африқоиро ба як нишасти сарони кишварҳои ҷаҳон дар бораи сулҳ даъват кардааст, аммо афзуд, ки ҳаргуна музокирот бо Русия ҳоло ба нафъи ин кишвар мешавад.

Ӯ афзуд: “Мо сулҳи воқеӣ мехоҳем, аз ин рӯ мехоҳем, неруҳои Русия аз тамоми қаламрави кишвари мустақили мо берун карда шавад.”