4 кишвар ба Украина "садҳо" мушак медиҳанд

Бритониё, Нидерланд, Дания ва Иёлоти Муттаҳида давоми чанд ҳафтаи оянда барои маҷмааи зиддимушакии Украина "садҳо" мушак ва чанд дона чунин низом медиҳанд.

Дар ин бора дар изҳороти муштараки роҳбарони мудофиаи кишварҳои НАТО зикр шудааст.

Намояндагони мақомоти мудофиаи кишварҳои узви НАТО гуфтанд, ки дар доираи ин ташаббус барои ниёзҳои артиши Украина "садҳо мушаки кутоҳпарвоз ва миёнапарвоз ва маҷмааҳои ба онҳо вобаста дода мешавад.

Ин таслиҳот барои ҳифзи зерсохторҳои муҳими Украина ва таъмини муваффақонаи ҳамлаи ҷавобии артиши Украина зарур аст".

Ирсоли таслиҳоти мазкур, тавре дар изҳорот омадааст, шуруъ шуда ва бояд дар чанд ҳафтаи оянда ба поён расад.

Дар ибтидои моҳи июн президенти Украина Владимир Зеленский аз ҳампаймонони кишвараш даъват кард, ба Украина низоми нави зиддимушакӣ диҳанд.

Зеленский гуфта буд, ки низоми нав ба Украина кӯмак мерасонад, ки то расидани ҳавопаймоҳои зарбазани F-16 худро ҳифз кунад.