Додситонии кулли Тоҷикистон 2-юми май гуфт, нисбат ба Холиса Шоева, сокини ноҳияи Данғара барои задани фарзанди хурдсолаш парвандаи ҷиноие боз шудааст, ки аз 11 то 29 ҳазор сомонӣ ҷарима ва "маҳдуд кардани озодӣ ба муҳлати то ду сол"-ро пешбинӣ мекунад.
Навори задани тифли дусолаи тоҷик аз сӯйи модараш тайи як ҳафтаи ахир дар шабакаҳои иҷтимоӣ пурбаҳс буд. Ин навор хашми корбаронро барангехт ва бисёриҳо хостори ҷазо ва пешгирӣ аз бадрафторӣ бо кӯдакон шуданд.
Додситонии кулли Тоҷикистон дар шарҳи қазияи латукӯби тифл аз сӯйи модараш гуфтааст, ин ҳолат дар пайи як муноқишаи оилавӣ сар зада, Холиса Шоева бо ҳадафи қасосгирӣ ва азоби руҳӣ додани Сафиддин Алиев фарзанди хурдсолашро куфтааст. “Ба воситаи телефони мобилаш ба навор гирифта, ба барномаи месенҷерии “Ватсап”-и Алиев С. ирсол кардааст.” -омадааст дар хабарномаи Додситонии кулл.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Парвандаи Холиса Шоеваро додситонии Данғара бо айби "иҷро накардани уҳдадорӣ оид ба тарбияи ноболиғ" тафтиш мекунад. Назари худи ӯ ба парванда алҳол маълум нест, аммо як рӯзи пеш Шоева дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ рафтори худро чунин шарҳ дода буд: “Вақте кӯдак ғам дод, асабам вайрон буд, задам, баъд чӣ?”
Вай ҳамчунин ошкоро гуфт, ки наворро махсус барои шавҳари собиқаш, Сайфиддин Алиев сабт кардааст. “Кӯдакро задаму гуфтам, ки мезанам, ба ту фарқаш чӣ, дигар ин кӯдаки ту нест. Кӯдаки ман аст, модараш ҳастам ва ҳақ дорам, дар кадом ҳолате хоҳам барои тарбияаш мезанам. Фаҳмидӣ?!” – афзуд ӯ.
Сайфиддин Алиев, падари тифл рӯзи 1- уми май дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин бори аввал нест, ки ҳамсари собиқаш барояш навори задану озордиҳии кӯдакро мефиристад.
Зану шавҳари собиқ ҳарду гуфтанд, як сол пеш ва баъди ба дунё омадани фарзандашон аз ҳам ҷудо шудаанд. Кӯдак як муддат дар тарбияи падар буда, баъдан бо қарори мақомоти ҳифзи ҳуқуқи кӯдак, барои парасторӣ ба модараш дода шуд.
Сайфиддин Алиев мегӯяд, бо навори задани кӯдак аз сӯйи ҳамсари собиқаш ба мақомот муроҷиат карда, хостори чораандешӣ шуда буд.
Бори аввал нест, ки кӯдакон дар Тоҷикистон "қурбон"-и ситезаҳои хонаводагӣ мешаванд. Дар як соли охир беш аз панҷоҳ нафар барои ҷабр ба фарзандон дастгир шуда, иддае зиндонӣ ва гурӯҳи дигар ҷарима пардохтаанд.
Мақомоти Тоҷикистон рафтори чунин волидонро бемасъулиятӣ меноманд. Дигарон пайомади мушкили иҷтимоӣ медонанд, аз ҷумла бекориву фақр.
Равоншиносон мегӯянд, ҳамсарон баъд аз пошхӯрии оила ё ҷудоии дарозмуддат мехоҳанд, бо озору азияти кӯдак аз ҳамдигар қасос бигиранд ва ба ҳам фишор оранд.