Пас аз чанд рӯзи хабарҳои зидду нақиз дар робита ба марги Акмал Амирӣ, Ҷабҳаи озодии Афғонистон эълон кард, ки ин фармондеҳ кушта шудааст.
Бо нашри як эъломия рӯзи 16 уми апрел, Ҷабҳаи озодии Афғонистон гуфт, Акмал Амирӣ дар набарде дар ноҳияи Соланги ҷанубӣ ба ҳалокат расидааст.
Ҷабҳа, Толибонро ба беэҳтиромӣ нисбати ҷасадҳо ва гаравгонгирии ҷанозаҳо муттаҳам кардааст. Дар эъломияи тозанашри ҷабҳаи озодии Афғонистон таъкид шудааст, ки “Толибон монеи иҷрои маросим ва маносики мазҳабии ба хоксупории ҷанозаҳо шудаанд”
Ба навиштаи Ҷабҳа, танҳо ҷасади Фаҳим Салангӣ ба хонаводаи ӯ супурда шудааст ва талошҳои Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх ҳам барои интиқоли ҷасади сарбозони онҳо ба хонаводаҳояшон натиҷае надодааст.
Аввали ҳафтаи равон Толибон иддао карданд, ки Акмал Амирӣ, яке аз фармондеҳони маъруфи Ҷабҳаи озодии Афғонистон, ҳамроҳи ҳафт тан аз ёронаш кушта шудааст. Дар ин бора Вазорати дифои ҳукумати Толибон дар эъломияе хабар дода буд.
Бархе аз чеҳраҳои саршиноси мухолифони Толибон гуфтаанд, ки хабар дақиқ нест ва Акмал Амирӣ зинда аст. Латифи Пидром, яке аз сиёсатмадорони Афғонистон, ба нақл аз бародари Амирӣ гуфта буд, ки "ӯ зинда мебошад".
Дар ҳамин ҳол Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, дар саҳифааш дар Фейсбук навишта буд, ки Акмал Амирӣ ва Басираҳмад Андаробӣ бо баъзе аз ҳамроҳонашон пас аз як набарди чандсоата бо Толибон кушта шудаанд.
Эъломи расмии хабари кушта шудани фармондеҳ Акмал Амирӣ аз сӯйи Ҷабҳаи озодӣ ва нигаронӣ аз монеагузории Толибон барои ба хоксупории ҷасадҳо дар ҳолест, ки рӯзи шанбе, Кумиссиуни ҳуқуқи башари Афғонистон, гуфт, нерӯҳои Толибон ба манзилҳои қурбониёни Ҷабҳаи Озодӣ даромада, наздикони онҳоро таҳқиру шиканҷа кардаанд.
Ҷабҳаи Озодӣ ба идомаи набард бо Толибон таъкид карда, гуфтааст, "барои ҳар қатраи хун"-и мардуми худ ва "азобу шиканҷаи мардуми бедифоъ қасос хоҳад гирифт. "
Акмал Амирӣ аз афсарони артиши ҳукумати вожгуншудаи Афғонистон буд.
Вай пас аз бозгашти Толибон ба қудрат дар тақрибан ду сол пеш ба вилояти Панҷшер рафт ва чанде баъд ба Ҷабҳаи озодии Афғонистон пайваст.
Хабари зидду нақизи марги Акмал Амирӣ, дар шабакаҳои иҷтимоии Тоҷикистон ҳам сару садои зиёде ба по карда буд. Мардум зиёде сарнавишти ӯро пайгирӣ доштанд ва ин хабарҳо онҳоро нигарон карда буд.
Навори сӯҳбатҳои ин фармондеҳ дар мавзӯҳои ватандӯстӣ ва мавқеи занону ҷанг дар Афғонистон миёни корбарони тоҷик дар шабакаҳои иҷтимоӣ сербинандаву машҳур буданд.