Дар ҳафтаи гузашта 136 шаҳрванди Қирғизистонро барои риоя накардани қонунгузории муҳоҷират аз Русия ихроҷ карданд. Дар ин бора намояндаи Вазорати меҳнат, ҳифзи иҷтимоӣ ва муҳоҷирати Қирғизистон дар Русия Кубандик Акматбеков иттилоъ дод.
Ба иттилои ӯ, дар боздоштгоҳи муваққати Сахаровои Маскав бо ҳамин айбҳо наздик ба 100 қирғизистонии дигар нигаҳ дошта мешавад.
"Онҷо доим наздик ба 100 қирғизистонӣ нигаҳ дошта мешавад. Дар баъзе ҳолат камтар, дар баъзе ҳолат бештар. Ахиран 136 муҳоҷири қирғизистониро аз Русия ихроҷ карданд. Ин як раванди одӣ аст. Айни замон дар боздоштгоҳи муваққат наздики 100 қирғизистонии дигар қарор дорад", - гуфт Кубандик Акматбеков.
Дар солҳои охир Русия дар робита ба муҳоҷирон талаботи навро ҷорӣ кардааст.
Акнун аз муҳоҷирон изи ангушт, ташхиси тиббӣ ва ғайра талаб мекунанд. Ин ташхисҳоро муҳоҷирон бояд дар маркази Сахарово, дар 70-километрии Маскав анҷом диҳанд. Муҳоҷирон аз навбатпойии дароз дар маркази мазкур шикоят мекунанд.
Соли гузашта аз маркази мазкур бештар аз 2 ҳазор қирғизистониро аз Русия депорт карда буданд.