Ҳукумати Ҷо Байден истиқомати қонунии ҳазорон шаҳрванди Украинаро дар Амрико дароз кард. Онҳо соле пеш аз ҷанги Русия зидди Украина ба Иёлоти Муттаҳида фирор карданд.
Тасмими ҳукумати ИМА ба он шаҳрвандони Украина рабт дорад, ки муҳлати истиқоматашон ба поён мерасад.
Украинҳое, ки дар доираи барномаи "Муттаҳидӣ барои Украина" ба ИМА рафтаанд, якбора иҷозаи иқомати дусоларо дар он кишвар пайдо карда буданд. Мақомоти Иёлоти Муттаҳида мегӯянд, теъдоди он украинҳое, ки иҷозаи иқомати яксола доранд, ба 20 ҳазор кас мерасад.
Ҳукумати Амрико барномаи махсуси ёрии башариро амалӣ мекунад, ки ин барнома ба шаҳрвандони кишварҳои дигар дар ҳолатҳои зарурӣ иҷоза медиҳад, ба ИМА паноҳ баранд. Ин барномаи муваққатӣ буда, аз 1 то 2 сол амалӣ мешавад.
Дар доираи барномаи мазкур айни замон "даҳҳо ҳазор шаҳрванди Афғонистон" дар ИМА ҳузур доранд.