Энтони Блинкен, котиби давлатии Амрико, бо сафари расмӣ вориди пойтахти Қазоқистон, шаҳри Остона, шуд. Ӯ дар қолаби С5+1 бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ мулоқот мекунад.
Ин нахустин сафари Блинкен ба Осиёи Марказӣ ба ҳайси котиби давлатии ИМА аст.
Пеш аз сафар ба Остона Блинкен дар Твиттер навишт, бесаброна мунтазири рушди ҳамкориҳо бо Осиёи Марказӣ аст.
Дар мулоқоти Блинкен бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ дар қолаби С5+1 ба масъалаи тақвияти ҳамкориҳои иқтисодӣ, энержӣ ва муҳитзистӣ, инчунин ҳамкории ИМА ва кишварҳои Осиёи Марказӣ дар бахши амният таваҷҷуҳ мешавад.
Блинкен баъди мулоқот дар Остона ба шаҳри Тошканди Узбекистон сафар мекунад. Вай ҳамчунин рӯзи 1-уми март барои иштирок дар мулоқоти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви G20 ба Ҳинд меравад.