Пойгоҳи 201-и Русия барои Тоҷикистон мутахассис омода мекунад

Нерӯҳои пойгоҳи 201-уми Русия дар Тоҷикистон дар соли 2023 барои қувваҳои мусаллаҳи кишвар ҳазор мутахассис омода хоҳанд кард. Дар ин бора дафтари матбуоти Ҳавзаи марказии низомии артиши Русия хабар додааст.

Ба навиштаи манбаъ, таълими сарбозони тоҷик якбора дар ду размоишгоҳ -- Лоҳур ва Сумбулӣ аз рӯйи 14 ихтисос баргузор мешавад: аз ҷумла ронанда, командири экипажи мушакандози чандгона, тирандози БТР-80 ва БМП-2, афсари иттилоотӣ ва норинҷакандоз.

Пас аз анҷоми давраи омӯзиши семоҳа мутахассисони тоҷик аз силоҳҳои вазнин тирандозиро тамрин мекунанд.

Пойгоҳи 201-уми Русия, ки бузургтарин пойгоҳи низомии ин кишвар дар хориҷа мебошад, ба иттилои пешина, 7 ҳазор сарбоз дошта, дар шаҳрҳои Душанбе ва Бохтар ҷойгир аст.