Дар доираи парвандаи ҷиноии марги 19 кӯдак аз доруи "Док-1 Макс" дар Узбекистон чаҳор касро боздошт карданд. Дар ин бора рӯзи 6-уми январ Хадамоти амнияти Узбекистон иттилоъ дод.
Ду нафар аз боздоштшудаҳо кормандони Маркази илмии стандартсозии доруи Узбекистон ҳастанд. Онҳоро ба вайрон кардани талабот ҳангоми озмоиши доруи "Док-1 Макс" гумонбар мекунанд. Ду тани дигар кормандони ширкати "Quramax Mediсal" ҳастанд. Ин ширкат аз Ҳинд ба Узбекистон доруи "Док-1 Макс"-ро ворид мекард.
Моҳи декабри соли гузашта 20 кӯдак дар Узбекистон аз истеъмоли доруи “Док-1 Макс” ҷон доданд. Баъд аз ин фурӯши дору дар Узбекистон ва чанд кишвари дигари Осиёи Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон, манъ шуд.
Марги 20 кӯдак интиқоди зиёдро дар дохили Узбекистон ба миён овард ва президент Шавкат Мирзиёев раҳбари Оҷонси рушди саноати дорусозиро аз мақомаш барканор кард. Хадамоти амнияти Узбекистон намояндаи ширкати воридкунандаи “Док-1 Макс” ва Маркази илмии стандартизатсияи маводи дорувориро боздошт кардааст.
Тибқи санҷиши ибтидоӣ, дар таркиби доруи “Док-1 Макс” гликоли заҳрноки этиленӣ ошкор шудааст. Феълан истеҳсоли ин дору, ки барои зуком ва паст кардани ҳарорат пешбинӣ шудааст, дар Ҳинд боздошта шуд.