Вазири дифои Русия гуфтааст, теъдоди хидматчиёни ҳарбии кишвараш бояд ба 1,5 миллион нафар, аз ҷумла шумораи сарбозони қарордодӣ то 695 ҳазор нафар расонда шавад.
Сергей Шойгу дар ин бора рӯзи 21-уми декабр дар ҷаласае ибрози назар кард. Ҳоло теъдоди хидматчиёни ҳарбии Русия 1 миллиону 150 ҳазор нафар муайян шудааст. Ба ин тартиб, тақрибан 350 ҳазор каси дигар бояд ба артиши Русия ҷалб карда хоҳад шуд.
Русия аз моҳи феврали имсол бедалел ба Украина ҳамла кард. Аз он замон то кунун ҳазорҳо сарбозу афсараш дар майдони даргирӣ кушта шуданд.
Шойгу, инчунин, пешниҳод кардааст, ки синни даъвати шаҳрвандонро ба артиши Русия аз 18 ба 21-солагӣ тағйир дода, шахсони то сисоларо ба хидмат бигиранд.
Вазири дифоъ инро вокуниш ба “ҳаракати НАТО барои афзоиши нерӯи низомӣ дар наздикии марзҳои Русия ва тавсеаи паймон аз ҳисоби Финландия ва Шветсия” номид.
Илова бар ин, тибқи ҳисобҳои Вазорати дифоъ, 830 ҳазор шаҳрванди Русия аз сафарбарии нерӯҳои иловагӣ ба артиш озод шуда, дар корхонаҳои саноати дифоъ ва минтақаҳои дигари муҳими иҷтимоӣ номнавис гардидаанд. Шойгу иддао кард, ки беш аз 20 ҳазор ихтиёрӣ низ ҳаст.
Раисиҷумҳури Русия Владимир Путин дар нишаст гуфт, дар умум, 300 ҳазор нерӯи иловагӣ ба артиш сафарбар шудааст. Ба қавли ӯ, “150 ҳазор нафар дар тамрингоҳҳои низомӣ таълим мегиранд.”
Баъзе аз сокинони Русия ҷангро бо Украина танқид карда, пас аз эълони “мобилизатсия” дар моҳи сентябр и имсол аз кишвар фирор карданд.
Бар асоси чанд наворе, ки аз тамрингоҳҳои Русия ба матбуот роҳ ёфт, нерӯҳои иловагӣ аз нарасидани ҷойи хобу хӯрок ва силоҳҳои дурусту муосир шикоят карданд.