Маскав мегӯяд, минтақаҳои ишғолшудаи Украина ба ҳамроҳшавии худ ба Русия раъйи мусбат доданд

Мақомот дар Маскав иддао карданд, ки раъйдиҳандагон дар чор минтақаи ишғолшудаи Украина дар ҳамапурсие, ки тибқи қонунҳои байналмилалӣ ғайриқонунӣ хонда мешавад, ба пайвастани ин минтақаҳо ба Русия раъйи мусбат доданд. Ҷониби Украина ва ҷомеаи ҷаҳонӣ ин раъйпурсиро "сохтагӣ" хондааст.

Масъулини ҳукуматҳои таъйиншуда дар минтақаҳои ишғолшудаи Украина гуфтаанд, ки дар Донетск ва Луганск сокинон мутаносибан 99 ва 97 дарсад раъйи мусбат доданд. Ин омор дар Херсон 87 дарсад ва дар Запороже 93 дарсад будааст.

Киев ва кишварҳои ҷаҳон борҳо ин ҳамапурсиро, ки панҷ рӯз давом кард, маҳкум карда ва онро "сохтагӣ" ва "номашруъ" хонданд ва гуфтанд, ки сокинони ин минтақаҳо аз тарси ҷони худ маҷбур шуданд дар ин раъйпурсӣ иштирок кунанд.

Владимир Зеленский, раиси ҷумҳури Украина шоми сешанбе дар суханронии худ гуфт, "ин мазҳака дар сарзаминҳои ишғолӣ ҳатто тақлиде аз як ҳамапурсӣ низ набуд".

Раванди пайвастшавии ин чаҳор минтақа ба хоки Русия эҳтимолан тайи чанд рӯзи оянда оғоз шавад. Дар қадами баъдӣ ҳукуматҳои таъйиншуда аз сӯи Маскав дар минтақаҳои ишғолшуда ба таври расмӣ аз Владимир Путин, раиси ҷумҳури Русия хоҳанд хост, ки ин минтақаҳо ба хоки Русия ҳамроҳ шаванд.

Путин пеш аз ин таъкид карда буд, ки ин минтақаҳо пас аз ҳамапурсӣ аз ҳимояти комили Русия бархӯрдор хоҳанд буд.

Валентина Матвиенко, раиси Шӯрои Федератсияи Русия гуфтааст, ки палатаи болоии порлумони Русия метавонад рӯзи шанбе дар бораи пайвастшавии сарзаминҳои ишғолии Украина ба Русия тасмим бигирад.

Расонаҳо тахмин мезананд, ки Путин эҳтимолан рӯзи ҷумъа дар назди вакилони ҳар ду палати порлумони кишвараш ба таври расмӣ ҳамроҳкунии ин чаҳор минтақа ба хоки Русияро эълон кунад.

Ин ҳамапурсии ғайриқонунӣ метавон ҷанг миёни Русия ва Украинро сахттар кунад.