Имомати Исмоилия рӯзи 4-уми сентябр эълон кард, ки барои рафъи пайомадҳои сели вайронгар дар Покистон 10 миллион доллар медиҳад.
5 миллион доллар мустақим ба Исломобод ва 5 миллион доллари дигар ба идораҳои Шабакаи Рушди Оқохон (Оғохон) дар Покистон тақдим хоҳад шуд.
Пулро баъди гуфтугӯи нахуствазири Покистон Шаҳбоз Шариф ва шоҳзода Раҳим Оқохон, раиси Кумитаи муҳити зист ва иқлими Бунёди Оқохон ва писари калонии имоми 49-уми исмоилиён, ҷудо карданд.
Шоҳзода Раҳим Оқохон гуфтааст: "Ин сел ва ҳодисаҳои дигари табиӣ дар саросари ҷаҳон аз ҳамаи мо – ҳукуматҳо, корхонаҳо, ҷомеаҳо ва шахсони алоҳида – талаб мекунад, ки кӯшишҳои худро барои мубориза бо буҳрони иқлимӣ дучанд кунем."
Идораи миллии мубориза бо офатҳои табиӣ дар Покистон рӯзи 5-уми сентябр гуфт, шумори қурбониёни сел дар он кишвар ба 1314 нафар расид, ки 458 нафарашон кӯдаканд. Дар умум, зиёда аз 33 миллион нафар аз сел зиён дидаанд.
Мақомоти Покистон мегӯянд, аз моҳи июн то ҳоло сел ҳудуди 6 ҳазор километр роҳ, 246 пул ва тақрибан 1,6 миллион хонаро вайрон кардааст.