Садри аъзами Австрия, Карл Неҳаммер, дар нишасти матбуотӣ хулосаи мулоқоташро бо президенти Русия Владимир Путин нақл кард. Мулоқот рӯзи 11-уми апрел дар Подмосковйе барпо шуд. Неҳаммер гуфт, аз суҳбат бо раҳбари Русия ҳеч бардошти мусбат надорад.
Ӯ афзуд, бо вуҷуди таҳримҳо, Путин барои "ҳалли масъалаи Донбасс қотеъона амал карданӣ аст". Ҳамзамон Путин гуфтааст, ки таҳримҳо бисёр сахт ҳастанд.
Ба қавли Карл Неҳаммер, вай ба Владимир Путин гуфтааст, "ҷанг дар Украина бояд ҳарчи зуд бас шавад" ва "то замоне ки дар Украина одамон ҷон медиҳанд", таҳримҳои зидди Русия сангинтар мешаванд. Путин гуфтааст, агар амалиёти ҷангӣ зудтар хотима ёбанд, "бад намешавад", вале зоҳиран ин ҳолатро танҳо бар асоси шартҳои Русия пешбинӣ мекунад.
Ба гуфтаи Неҳаммер, президенти Русия пурра дар доираи "мантиқи ҷанг" андешаронӣ мекунад.
Садри аъзами Австрия мулоқотро "бисёр сахт" ва "рӯйиросту ошкор" арзёбӣ кард. Вай гуфт, сафар ба Маскав "як мулоқоти дӯстона набуд", балки "як вазифааш" мебошад.
Ба қавли Неҳаммер, ду раҳбар дар заминаи арзёбии вазъи воқеӣ дар Буча ихтилофи назар доштанд. Дар ин шаҳраки канори Киев, баъди берун шудани нерӯҳои Русия, даҳҳо ҷасад ва гӯрҳои дастҷамъӣ ёфтанд. Ғарбу Аврупо артиши Русияро дар ин ваҳшоният гунаҳкор карданд, Маскав иттиҳомҳоро напазируфт.
Неҳаммер ба хабарнигорон гуфт: "Мо як раддубадали бисёр сахте доштем, чунки президент ҷомеаи ҷаҳониро дар пешдоварӣ гунаҳкор мекунад". Вай гуфт, бисёр мехост ба чашми Путин нигоҳ карда, вокуниши ӯро ба кушта шудани сокинони Буча бубинад.
Неҳаммер аввалин раҳбари аврупоӣ аст, ки баъд аз шурӯи ҷанги васеъмиқёс дар хоки Украина дар таърихи 24-уми феврали имсол ба Русия рафт ва бо президент Путин вохӯрд. Ин вохӯрӣ якуним соат давом кард.
Нашрияи Kronen Zeitung гуфт, бо дархости Неҳаммер дар мулоқот на дастфишурӣ ва на аксбардории муштарак барпо нашуд, то ки, ба гуфтаи нашрия, аз ин мавод бо ҳадафҳои таблиғотии русҳо истифода нашавад.
Дмитрий Песков, сухангӯи Путин, пеш аз мулоқот гуфт, Русия баъди нишаст ҳеч изҳороте нашр нахоҳад кард.
Ин мулоқот дар ҳоле барпо мешавад, ки идораҳои истихбороти кишварҳои ғарбӣ ва Украина мегӯянд, Русия дар рӯзҳои наздик дар шарқи Украина як ҳуҷуми азимеро ба роҳ мемонад, ки ҳадафаш ишғоли вилоятҳои Донетск ва Луҳанск аст. Ин ду қаламравро Маскав "ҷумҳуриҳои мардумӣ" ва "мустақил" эътироф кардааст.
Ин шабурӯз ҷангҳои сахте дар шаҳри Мариупол идома доранд, ки дар ҷануби вилояти Донетск ҷойгир аст. Ин шаҳр, ки аз охири моҳи феврал аз ҷониби русҳо ишғол шуд, шадидан харобу валангор шуда, беш аз 10 ҳазор сокини маҳаллиаш кушта шудаанд. Онҳое, ки аз ин шаҳр берун шуда тавонистанд, вазъро чун як фоҷеаи башарӣ арзёбӣ мекунанд.
Аъзои полки украинии "Азов", ки дар ҷангҳои Мариупол иштирок мекунанд, рӯзи 11-уми апрел гуфтанд, нерӯҳои русӣ як маводи заҳролудкунандаи ношиносеро ба кор бурданд. Дар бораи қурбониҳои эҳтимолӣ чизе маълум нест. Намояндагони ҳукумати Украина ва Ғарб гуфтанд, ин хабарҳоро месанҷанд.