Ду узви "Гуруҳи 24"-ро барои пикети эътирозӣ ҷарима ва 15-рӯзӣ ҳабс карданд

Раиси ҷумҳурии Тоҷикистон бо раҳбарони Беларус ва Узбекистону Қазоқистон дар Маскав. 24-уми июни 2020

Ду узви созмони фаъолияташ дар Тоҷикистон мамнӯи "Гуруҳи 24"-ро баъди иштирок дар пикети эътирозӣ ба зидди президент Эмомалӣ Раҳмон дар Майдони Сурхи Маскав ба ҳабси маъмурӣ гирифтаанд.

Додгоҳи Тверской дар пойтахти Русия рӯзи 25-уми июн Раҳматҷони Маҳмад ва Шобудин Бадаловро бо гуноҳи муқобилият ба пулис ба 15-рӯзии ҳабси маъмурӣ маҳкум кард. Ҳамчунин, онҳоро барои вайрон кардани тартиби баргузории пикет ба пардохти 15-ҳазор рублӣ ҷарима муваззаф намуд.

Рӯзи 24-уми июн чанде аз фаъолони "Гуруҳи 24" дар Маскав бар зидди иштироки раиси ҷумҳурии Тоҷикистон дар чорабиниҳои бахшида ба пирӯзӣ бар фашизм пикети эътирозӣ баргузор карданд. Дар ҳоле ки додгоҳ гуфтааст, онҳо барои ташкили пикет иҷоза надоштанд, як рӯз пеш Нуриддин Ризоӣ, масъули бахши равобити хориҷии "Гурӯҳи 24", гуфта буд, иҷозаи мақомоти Русияро гирифта буданд.

"Як рӯз пеш иҷоза дарёфт шуда буд, вале гуруҳи дигар ду нафар аз иштирокдоронро ба шуъбаи пулиси Тверской бурдаанд”, -- афзуд ӯ.

Эмомалӣ Раҳмон дар нахустин сафари хориҷиаш дар давраи коронавирус ба Русия рафт ва 24-уми июн дар маъракаҳои бахшида ба пирӯзӣ бар фашизм иштирок кард. Мақомот дар бораи эътирози мухолифон вокуниш накарданд, аммо дар наворе байни муҳофизони президенти Тоҷикистон ва намояндагони "Гуруҳи 24" баҳси лафзӣ сурат гирифтааст.

Нуриддин Ризоӣ ҳамзамон гуфт, бо вуҷуди он ки дар гузашта чанде аз аъзои мухолифин дар Русия боздошт шудаанд, "дар он кишвар шумораи қобили мулоҳизаи аъзои мо ҳастанд".

"Мушкилу хатарҳо зиёд аст, вале шумораи аъзо ва тарафдорони мо дар Русия дар муқоиса ба Аврупо хеле зиёд аст. Модоме ки имконияти баргузории эътирозҳоро дар дохил намедиҳанд, бояд ин пайғом ба онҳо бирасад, ки на ҳама аз сиёсатҳояшон розӣ ҳаст", -- гуфт ӯ.

Дар гузашта аъзои “Гуруҳи 24” ҳангоми сафари президент Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Чех, Швейтсария ва Фаронса пикетҳои эътирозӣ баргузор карда, ӯро барои маҳдуд кардани озодиҳои сиёсӣ дар кишвар танқид карда буданд.

“Гурӯҳи 24”, ки соли 2012 таъсис ёфтааст, соли 2014 бо қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон як созмони экстремистӣ ва мамнӯъ эълон шуд. Дар пайи он даҳҳо нафар дар Тоҷикистону Русия ва кишварҳои дигари пасошӯравӣ бо иттиҳоми тарафдорӣ аз “Гурӯҳи 24” боздошту зиндонӣ шуданд.

Ин созмонро тоҷири норозӣ Умаралӣ Қувватов бунёд гузоштааст. Худи ӯ соли 2015 дар шаҳри Истанбул кушта шуд.