Иттиҳоди Аврупо нақшаи бурунрафт аз вирусро дар  конфронси видеоӣ баррасӣ мекунад

Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо

Раҳбарони Иттиҳоди Аврупо рӯзи 23 апрел дар як конфронси видеоӣ барномаи муштараки молиявиро дар шароити рукуди иқтисодии дар паи пандемияи коронавирус эҷодшуда баррасӣ мекунанд. Раҳбарони аврупоӣ аз Комиссиюни Аврупо суол мекунанд, ки тавони ин ниҳоди муттаҳидкунандаи 27 кишвари аврупоӣ дар расидагӣ ба бахшҳои аз ҳама беш осебдидаи иқтисоди минтақа аз чӣ иборат аст. Шарл Мишел, президенти Шӯрои Аврупо дар матни даъватнома навишт, ки комиссиюн вазъ ва эҳтиёҷотро таҳлил карда бо пешниҳоде ҳозир шавад. Мақомот гуфтанд, ки раҳбарони аврупоӣ то охири ин моҳ ваё то аввали моҳи май ба комиссиюн фурсат медиҳанд, ки ҳаҷми маблағҳои Бунёди барқарорсозиро муайян кунад. Бар асоси тахминҳои мухталиф, ҳаҷми ин барнома метавонад аз 1 то чанд триллион евроро ташкил диҳад. Вале феълан маълум нест, ки ин маблағҳо аз кадом роҳ ҷамъоварӣ мешаванд ва то куҷо онҳо ба унвони грант ё қарз дода хоҳанд шуд. Садри аъзами Олмон Ангела Меркел дар остонаи ин ҷаласа гуфт, ки ин азимтарин иқтисоди аврупоӣ омода аст “ҳаҷми баландтари қобили мулоҳизаи” маблағҳоро ба кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба хотири бурунрафт аз бӯҳрон ихтисос диҳад.