Хаткашонҳо ба беш аз 20 000 хонанда дарси мактабиро мерасонанд

Акс аз бойгонӣ

Вазорати маориф ва илми Қазоқистон гуфт, хаткашонҳо ба хонандагоне, ки дар ноҳияҳо зиндагӣ мекунанд ва ба Интернет дастрасӣ надоранд, дарсҳои мактабиро мерасонанд.

Вазорати маориф ва илми Қазоқистон рӯзи 3-юми апрел бо ширкати “Қазпочта” шартнома баст, ки дар асоси ин шартнома, хаткашонҳои ширкат ба хонандагони навоҳии дурдаст дарсҳо ва вазифаҳои мактабиро мерасонанд.

Ба иттилои вазорат, “бештар аз 20 ҳазор” хонанда дар минтақаҳое зиндагӣ доранд, ки мактаб ва Интернет онҷо мавҷуд нест.

Дар пайи густариши вируси корона хонандагони Қазоқистон аз 16-уми март ба таътил фиристода шуданд. Эҳтимол дорад, дарсҳо дубора аз 6-уми апрел шуруъ шаванд.

Дар Қазоқистон ба далели густариши коронавирус ҳолати фавқулода эълом шуда, донишҷӯёни мактабҳои олӣ ва коллеҷҳо низ ба таҳсили фосилавӣ гузаронида шудаанд.