Вазорати корҳои дохилӣ эълон кард, ки ҳукумати Узбекистон аз рӯзи 23-уми март марзҳояш бо Тоҷикистонро мебандад. Вазорат бо ирсоли паёмак ба шаҳрвандон гуфтааст, “ба самъи шумо мерасонем, ки ба сабаби паҳн шудани коронавирус Узбекистон аз соати 6 субҳи рӯзи 23-уми март сарҳадаш бо Тоҷикистонро мебандад.”
Ба гуфтаи вазорат, мошинҳои борбар истисно ҳастанд ва иҷозаи равуо ба қаламрави ду кишварро доранд. Хабаргузории «Интерфакс» низ аз қавли Кумиссиёни махсуси мубориза бо густариши КОВИД-19 дар Узбекистон хабар додааст, ки бо ҳадафи «муҳофизати сиҳатии мардум ва густариши васеи коронавирус аз нимашаби 23-уми март равуои шаҳрвандон аз тамоми гузаргоҳҳои марзӣ манъ мешавад.» Айни замон шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷумла Тоҷикистон ҳақ доштаанд, ки ба ватанҳояшон баргарданд. Ба гуфтаи кумиссиён равуо на аз соати 6 балки соати 12:00 шаб манъ мешавад.
Мақомоти Узбекистон ҳамчунин ба мардум тавсия додаанд, ки бе зарурат ҷойи зисташонро тарк накунанд ва дар кӯча бо ниқоби тиббӣ бигарданд. Онҳое, ки ин дастурро иҷро намекунанд, ё ҷарима мешаванд, ё танбеҳ мегиранд. Рӯзи шанбе кумиссиёни ҳукуматӣ эълон кард, ки кори нақлиёти ҷамъиятӣ дар Тошканд муттавақиф мешавад ва корхонаҳо ё онлайн кор кунанд ва кормандонашонро ба рухсатӣ бифристанд.
Манъи равуо ба Узбекистон бешак ба тиҷорат байни ду кишвар, ки 2 сол пеш дарҳои худро ба рӯи якдигар боз гузоштанд, таъсири манфӣ мегузорад. Вазорати тандурустии Узбекистон гуфт, ки теъдоди гирифторони Ковид-19 дар ин кишвар ба 41 нафар расидааст ва чаҳор беморро аз байни онҳое пайдо кардаанд, ки дар карантин буданд.
Мақомоти Тоҷикистону Туркманистон мегӯянд, ки ҳеҷ мавриди сирояти беморӣ сабт накардаанд. Дар Қирғизистон то 22-уми март 14 мавриди сирояти беморӣ сабт шудааст ва яке аз онҳо дар вилояти Ботканди ҳаммарз бо Тоҷикистон будааст. Дар ин кишвар аз рӯзи 22-уми март вазъи фавқуллода эълон шудааст.
Дар Осиёи Марказӣ, вирус бештар аз ҳама ба Қазоқистон сироят кардааст ва дар инҷо то 22 -уми март 56 мавриди бемориро расман сабт кардаанд. Дар умум дар саросари ҷаҳон вируси нав, ки бемории шабеҳи илтиҳоби шуш бармеангезад, ба 308 ҳазор нафар сироят карда, 13 ҳазор нафарро куштааст. Тақрибан 96 ҳазор нафар шифо ёфтаанд.