Вазорати тандурустии Қирғизистон барои баргаштагон аз 16 кишваре, ки вируси нав онҷо густариш ёфтааст, карантини хонагӣ ҷорӣ кард.
То ин замон касоне, ки аз Чин, Куриёи Ҷанубӣ, Италия, Эрон ва Ҷопон бармегаштанд, ба карантин гирифта мешуданд. Ҳамакнун Фаронса, Олмон, Испания, Сингапур, ИМА, Кувейт, Баҳрайн, Тайланд, Тайван, Швейтсария, Бритониё, Австралия, Малайзия, Канада, Ироқ ва Имороти Муттаҳида Арабӣ ба ин рӯйхат шомил шуданд.
Дар ИМА мизи гирд дар мавзуи "Роҳандозии тиҷорат зери таъсири коронавирус" ба далели хатари ҳамин вирус бекор шуд. Ҳамзамон дар Амрико шумори гирифторон ба вируси нав аз марзи 1000 нафар гузашт. Бештар аз 30 кас ҷон доданд. Аксари фавтидаҳо дар Вашингтон истиқомат мекарданд. Кохи Сафед гуфт, президент Доналд Трамп тасмим дорад, амрикоиҳоро аз пардохти андоз аз маош то охири сол озод кунад. Ин тасмим ба хотири сабук кардани пайомадҳои вируси корона рӯи даст гирифта хоҳад шуд.
Вируси нав дар Италия хуруҷи бештар кардааст. Ба иттилои Созмони ҷаҳонии беҳдоштӣ, шумори гирифторон ба бештар аз 9 ҳазор расида, зиёда аз 400 кас фавтидааст. Мақомоти он кишвар чорабиниҳои оммавиро манъ карданд, мактабу донишгоҳҳоро бастанд ва равуои сокинонро низ маҳдуд намуданд.
Шумори умумии гирифторон дар саросари дунё ба 114 ҳазору 744 кас расидааст.