Садама дар Дарвоз ҷони 9 нафарро гирифт

Акс аз сафҳаи "Фейсбук" гирифта шудааст.

Бар асари садамаи автомобилӣ дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз 9 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Аксари қурбониёни ин ҳодиса занон ва кӯдакон мебошанд. ​Ба гуфтаи мақомоти вазорати умури дохилии Тоҷикистон, ҳодиса шоми 29-уми январ миёни деҳаҳои Ҷорф ва Вишхарв рух додааст.

Ба гуфтаи манбаъ, худрави сокинони деҳаи Курговад ба дарёи Панҷ сарозер шуда, дар натиҷа 9 нафар -- як мард, се зан ва панҷ кӯдак ба ҳалокат расиданд ва танҳо ронандаи мошин аз ин ҳодиса ҷони солим ба дар бурдааст. Айни замон ҳамаи қурбониёнро, ки сокинони деҳаи Курговади ҷамоати Вишхарв мебошанд, аз дарёи Панҷ берун овардаанд.

Қурбониёни ин ҳодиса Сӯҳроб Худойдодови 41-сола, Бунафша Муаззамоваи 44-сола, Маҳина Муаззамоваи 30-сола бо фарзандаш Орзу Алиҷонови 5-сола ҳастанд. Дар ин ҳодиса Гуландом Ҷалолова, соли таваллудаш 1982, бо чаҳор фарзандаш -- Абубакр, Умар, Усмон ва Нигина Давлатзодаҳо, ки синашон томактабӣ мебошад, низ ҷон бохтаанд.

Вазорати умури дохилии Тоҷикистон дар шарҳи ҳодиса гуфт, ки мошини тамғаи "Опел-Астра" ба Арабшо Куканиев, сокини 50-солаи деҳаи Курговади Дарвоз тааллуқ дошта ва ӯ ҳангоми ҳаракат аз ӯҳдаи идораи мошин набаромада, ба дарёи Панҷ сарозер шудааст. Дар ҳоли ҳозир ронанда дар бемористони марказии ноҳияи Дарвоз бистарӣ мебошад.

Барои бори аввал нест, ки тайи солҳои ахир дар ҳудуди ноҳияи Дарвоз садамаҳои пурқурбонӣ рух медиҳад. Аз ҷумла, дар моҳи августи соли 2010 бар асари сарозер шудани як худрави "Тангем" дар шоҳроҳи Душанбе - Хоруғ дар мавзеи кӯҳи Сапеям, воқеъ дар гарданаи Хобу Рубот, ҳамаи 8 нафар мусофирони он ҷони худро аз даст додаанд. Дар байни қурбониёни ин ҳодисаи дардовар, ду кӯдак, чаҳор зан ва ду мард будаанд.

Дар моҳи июни соли 2016 низ бар асари як садамаи маргбори автомобилӣ дар ҳудуди Дарвоз, худрави навъи "Тайота"-и Фонди Швейтсария оид ба тоза кардани минаҳо ба дарёи Панҷ сарозер шуд. Дар пайи ин ҳодиса панҷ тан аз кормандони Фонди Швейтсария ба ҳалокат расида ва ду тани дигар ҷароҳатҳо бардоштанд.

Қисмати шоҳроҳи Дарвоз-Ванҷ-Хоруғ, ки дар он ҳодисаи ахир ба вуқӯъ пайваст, яке аз роҳҳои танг ва пастсифати Бадахшон ба шумор меравад. Ин қисмати роҳи мошингард солҳост, ки таъмиру бозсозии дуруст нашудааст ва дар гузашта низ дар он чандин садамаҳои маргбори автомобилӣ рух дода буд.