Узбекистон, Ҳиндустон, Покистон - рақибони Тоҷикистон дар қаҳрамонии Осиё

Аз рӯи натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии футболи Осиё-2020 дастаи мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) дар гурӯҳи «F» бо тимҳои Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон бозӣ мекунад.

Қуръакашии мусобиқаи интихобии қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби зери 23-сола рӯзи 7-уми ноябр дар қароргоҳи Конфедератсиони футболи Осиё (AFC) дар Куала-Лумпур, пойтахти Малайзия, доир шуд.

Дар мусобиқаи интихобӣ 44 дастаи мунтахаби ҷавонони зери 23-сола, ки бар асоси қуръакашӣ ба 11 гурӯҳ тақсим шудааст, иштирок мекунад. Дар минтақаи Ғарб шаш гурӯҳ ва дар минтақаи Шарқ панҷ гурӯҳ ташкил шудааст.

Мунтахаби ҷавонони Тоҷикистон (U-23) ба гурӯҳи «F» шомил шуд. Рақибони футболбозони ҷавони тоҷик дастаҳои мунтахаби ҷавонони зери 23-солаи Узбекистон, Ҳиндустон ва Покистон мебошанд. Мусобиқаи интихобӣ аз 22-юм то 26-уми марти соли оянда дар Тошканд барпо мегардад.

Аз рӯи натиҷагирии марҳилаи интихобӣ ғолибони 11 гурӯҳ, инчунин 4 дастаи ҷойҳои дуюми гурӯҳҳо бо натиҷаҳои хубтар ба қисми ниҳоии қаҳрамонии Осиё, ки аз 8-ум то 26-уми январи соли 2020 дар Тайланд баргузор мешавад, роҳ меёбанд.

Агар мизбони мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 - мунтахаби Тайланд – дар сабқати интихобӣ дар гурӯҳи худ мақоми аввалро касб намояд (ё дар байни чор дастаи дар гурӯҳҳои худ ҷойҳои дуюмро ишғолнамуда аз рӯи натиҷаҳои хубтар ҷойгир шавад), онгоҳ дастаи панҷуми ҷойҳои дуюм ба марҳилаи ниҳоии мусобиқа роҳхат мегирад.

Бояд гуфт, ки се дастаи беҳтарини мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 миёни ҷавонони зери 23-сола соҳибони роҳхатҳо ба Бозиҳои тобистонаи олимпии соли 2020 дар Токио мешаванд.

Мусобиқаи қаҳрамонии Осиё-2020 миёни дастаҳои мунтахаби ҷавонон (U-23)

Натоиҷи қуръакашии мусобиқаи интихобӣ:

Минтақаи Ғарб

Гурӯҳи «А»: Қатар (мизбон), Умон, Непал, Афғонистон.

Гурӯҳи «В»: Фаластин, Баҳрайн (мизбон), Бангладеш, Шри-Ланка.

Гурӯҳи «С»: Ироқ, Эрон (мизбон), Туркманистон, Яман.

Гурӯҳи «D»: Арабистони Саудӣ (мизбон), Имороти Муттаҳидаи Араб, Лубнон, Молдив.

Гурӯҳи «Е»: Урдун, Сурия, Қирғизистон, Кувайт (мизбон).

Гурӯҳи «F»: Узбекистон (мизбон), Тоҷикистон, Ҳиндустон, Покистон.

Минтақаи Шарқ

Гурӯҳи «G»: Кореяи Шимолӣ, Ҳонконг, Сингапур, Муғулистон (мизбон).

Гурӯҳи «Н»: Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Камбоҷа (мизбон), Тайбэйи Чин.

Гурӯҳи «I»: Ҷопон, Мянмар (мизбон), Тимори Шарқӣ, Макао.

Гурӯҳи «J»: Малайзия (мизбон), Чин, Лаос, Филиппин.

Гурӯҳи «К»: Ветнам (мизбон), Тайланд, Индонезия, Бруней.