Маликшо Неъматов аз мақоми сафирӣ дар Олмон озод шуд

Маликшо Неъматов, сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Олмону Лаҳистон ва Чехия, аз мақомаш озод карда шуд. Фармони раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар ин бора рӯзи 18-уми сентябр содир гардид. Сабаби барканории Неъматов "гузаштан ба вазифаи дигар" гуфта шудааст.

Ҳоло ба ҷои ӯ, Ғайратшо Соҳибназар Қаноатшо сафири нави Тоҷикистон дар Олмон таъйин шудааст. Соҳибназари Ғайратшо аз донандагони хуби забони олмонӣ буда, солҳо дар ин кишвар кору зиндагӣ кардааст.

Соҳибназари Ғайратшо

Ӯ дар гузашта мушовири сафири Тоҷикистон дар Олмон буд. Солҳои охир ба ҳайси сардори Раёсати кишварҳои Аврупо ва Амрикои Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон фаъолият дошт.

Маликшо Неъматов дар ҳоле аз мақомаш дар сафорати Тоҷикистон дар Олмон озод карда шуд, ки тайи як ҳафтаи охир ҳайати расмии Тоҷикистонро дар нишасти ҳуқуқи башар дар Варшава ҳамроҳӣ мекард.

Ин ҳайат дар баҳсҳо бо мухолифон эҳтимоли созишро дар миён гузошт.

Як манбаъ дар Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон гуфт, ки барканории Маликшо Неъматов ба нишасти ҳуқуқи башари Варшава ва ҳаводиси атрофи он рабт надорад. "Ин тасмим аз қабл буд ва Маликшо Неъматов қарор аст, корашро дар вазифаи дигар идома бидиҳад", - гуфт ҳамсуҳбати мо.

ИНЧУНИН, БИХОНЕД: Зоҳидӣ: "Агар мухолифон ба арзишҳои мо арҷ гузоранд, ҷояшон Тоҷикистон аст" ВИДЕО

Маликшо Неъматови 49-сола, ки дар гузашта раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии Тоҷикистон буд (аз соли 2007), карйераи дипломатро моҳи июни соли 2014 аз кор дар сафорати Тоҷикистон дар Берлин шурӯъ кард.

Дар Тоҷикистон ӯ дар вазифаҳои раҳбари Созмони ҷавонони Тоҷикистон ва ноиби президенти Кумитаи миллии олимпӣ ҳам кор кардааст.

Рӯзи 18-уми сентябр бо фармони дигари раиси ҷумҳур, Масуд Халифазода сафири фавқулода ва мухтори Тоҷикистон дар Шоҳигарии Бритониё ва Ирландияи Шимолӣ таъйин шудааст.