Ҳайати Департаменти давлатии Амрико ба раҳбарии муовини аввали ёвари котиби давлатӣ дар умури масоили иқтисодӣ ва тиҷорат Брайан Макфитерс рӯзи 12-уми сентябр вориди Узбекистон мешавад.
"Дар барномаи сафари ҳайат вохӯриҳо дар девони вазирон, вазорати и умури хориҷӣ, тиҷорати хориҷӣ, иқтисод, рушди технологияҳои иттилоотӣ ва коммуникатсия дар назар буда, ҷонибҳо қарор аст, дурнамои ҳамкориҳои ду кишварро дар бахши тиҷорат, иқтисод ва сармоягузорӣ баррасӣ кунанд", - омадааст дар иттилоияи Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон.
Ҳамчунин, намояндаи Департаменти давлатии Амрико дар умури озодии дин Сэм Браунбек низ аз 10 то 19-уми сентябр сафареро ба Узбекистон анҷом медиҳад.
Қарор аст, ӯ "гомҳои ахирро дар робита ба озодии дин дар Узбекистон" баррасӣ кунад.