Ҳайдар ал-Ибодӣ, нахуствазири Ироқ гуфт, ки барои аз таҳримҳо озод кардани Эрон ба Вашингтон ҳайъат мефиристад.
“Мо азҷониби амрикоӣ дархостҳое дорем, ки онҳоро пешниҳод кардаем ва ҳайъат дар ин чорчуба музокирот хоҳад кард”- гуфт Ибодӣ рӯзи 28 август дар нишасти хабарии ҳафтагӣ бо ишора ба ин, ки иқтисоди Ироқ ба ҳамсоякишварҳои Ҳалиҷи Форс, ба вижа дар бахши энержӣ, сахт эҳтиёҷ дорад.
«Мо ба таври равшан гуфтем, ки Ироқ ба чӣ ниёз дорад, пешниҳод кардаем. Гази табии Ирон бисёр муҳим аст ва тиҷоратҳои дигар, ки бахши энержиро дар бар мегирад”- гуфт Ибодӣ.
Нахуствазири Ироқ ҳамчунин гуфт, ба назар мерасад, ки Вашингтон барои шунидани дархостҳои Ироқ боз аст.
Президенти ИМА Доналд Трамп, Амрикоро аз созиши ҳастаии соли 2015 дар байни Эрон ва қудратҳои ҷаҳонӣ берун кард. Давлати Трамп ҳушдор додааст, кишварҳое ,ки бо Эрон ҳамкорӣ мекунанд,аз ҷумла ҳампаймонҳояш дар Иттиҳоди Аврупо ва Ховари Миёна, ба хатари таҳримҳо ба ҷазо рӯ ба рӯ мешаванд.
Таниши тоза миёни Вашингтон ва Теҳрон Бағдодро дар як ҳолати душвор гузошт, зеро Ироқ ин ду душмани деринаро аз муттаҳидони бузургтарини худ медонад