Мансур Муҳиддинов, мураббӣ ва довари 41-солаи бокс, барои бори аввал дар таърихи Тоҷикистон пас аз ҳашт соли талошҳояш дар бокси ҷаҳонӣ ситораи сеюми довари дараҷаи байналмилалиро ба даст овард. Ба ин унвони баланд ӯро Созмони байналалмилалии бокси ҳаваскорӣ ё AIBA мушарраф гардонд.
Мансур варзишгари ҳирфаӣ аст. Собиқаи муштзаниаш аз солҳои 90-и қарни гузашта шуруъ мешавад.
Ҳамакнун ин унвони баланд ба ӯ имкон медиҳад, ки минбаъд дар ҳамаи мусобиқоти байналмилалӣ, чӣ қаҳрамонии Осиё, чӣ қаҳрамонии ҷаҳон ва Бозиҳои олимпӣ, ба ҳайси довар аз Тоҷикистон ширкат варзад.
Мансур унвони довари дараҷаи байналмилалӣ ва ситораи аввали Созмони байналмилалии бокси ҳаваскориро соли 2010 ва ситораи дувуми ин созмонро соли 2017 дар Қазоқистон ба даст овардааст.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ӯ рӯзи 24-уми август дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, курсҳои семинарии ситораи сеюм дар шоҳигарии Тайланд, пойтахти он - шаҳри Бангкок - моҳи июли имсол баргузор шуд ва дар он ҷо аз 20 давлат доварони дараҷаи байналмилалии дорандаи ду ситораи АИБА интихоб шуда буданд. "Ҳамагӣ 26 нафар будем. Ман аз имтиҳон сарбаландона гузаштам ва ситораи сеюмро ба даст овардам",-афзуд вай
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Мансур варзишгари ҳирфаӣ аст. Собиқаи муштзаниаш аз солҳои 90-и қарни гузашта шуруъ мешавад. Чандин дафъа қаҳрамони Тоҷикистон дар риштаи бокс шудааст, инчунин медали биринҷии Бозиҳои Осиёи Ғарбиро низ ба даст овардааст.
Ӯ мегӯяд, ки соли 1997 дар Узбекистон дар Ҷоми президенти ин кишвар ҷои дуюмро сазовор гаштааст. Боз дар Русия соли 2000-ум дар ҷоми Мономах, мусобиқаи дараҷаи баландтарини АИБА, сазовори ҷои сеюм шудааст.
Мансур Муҳиддинов ба сифати мураббии ҳирфаии бокс аз вазъи феълии ин намуди олимпӣ дар Тоҷикистон чандон қаноатманд нест. Ба қавли ӯ бокси Тоҷикистон феълан ба мураббиҳои ҳирфаӣ ниёз дорад.
"Бокси имрӯза дар Тоҷикистон ба сармоягузории ҷиддӣ ниёз дорад. Фикр мекунам дастгирӣ зиёдтар шавад, натиҷаҳо баландтар мешаванд", - иброз дошт Мансур Муҳиддинов.
Ихтисоси аввали Мансур таърихшинос аст. Баъдан Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистонро ғоибона хатм кардааст. Аммо ӯ мегӯяд, касби аслиаш муштзанӣ ва акнун доварӣ дар бокс аст. Умед дорад, ки дар Бозиҳои олимпӣ ба сифати нахустин довар аз Тоҷикистон даъват мешавад ва ҳамин тавр ҳунари довариашро муаррифӣ мекунад.