Тими дзюдои ҷавонони Тоҷикистон пас аз пирӯзӣ дар Ҷоми дзюдои Осиё миёни ҷавонони то 21-сола, ба ватан баргашт. Дар ин сабқат, ки рӯзҳои 23-24-уми июн дар Иссикули Қирғизистон баргузор шуд, 159 варзишгари ҷавон аз 9 кишвари Осиё ширкат доштанд.
Ҷонмуҳаммад Толибов, мураббии дастаи дзюдои ҷавонони Тоҷикистон ба Радиои Озодӣ гуфт, ки дар ин сабқат 24 варзишгар аз Тоҷикистон ширкат намуда ва 3 медали тилло, 3 медали нуқра ва 3 медали биринҷӣ ба даст оварданд. "Хурсандиовар ин аст, ки рақобати мо дар ин мусобиқаи бонуфуз бо давлати бузурги Русия буд. Мо дар байни 13 даста сазовори ҷои дуюм гардидем",-афзуд вай.
Ду варзишгари ҷавони тоҷик, Ҷаҳонгир Маҷидов дар вазни то 81 кило ва Суҳроб Боқиев дар вазни то 60 кило бо дарёфти медалҳои тилло миёни сабқати ҷавонон тими дзюдои Тоҷикистонро дар мақоми дуввум ҷой доданд. Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони ҷавони тоҷик гуфт, ин яке аз мусобиқаҳои бонуфуз барои ӯ буд ва тавонист ҳар се ҳарифи худро шикаст дода, ғолиб шавад.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Хуршед Маҷидов, бародари бузурги Ҷаҳонгир, ки дар ин сабқат дар вазни болотар аз 100 кило ҳунарнамоӣ мекард, мақоми сеюм ва медали биринҷиро ба даст овард. "Ин мусобиқот ва ин медале, ки ман гирифтам, барои ман хеле хотирмон мебошад. Зеро ман соли 2017 дар Русия дар машқҳои дастаҷамъӣ маҷруҳ шуда будам ва баъд аз он, ин аввалин медали ман аст."
Ҷаҳонгир Маҷидов, паҳлавони тоҷик дар раддабандии ҷаҳонии ҷудокорон миёни наврасон дар соли 2017 дар мақоми аввал қарор дошт. Ва феълан, ки дар мусобиқот миёни ҷавонон ҳунарнамоӣ мекунад, дар раддабандии паҳлавонони ҷудокорони ҷавон дар миёни кишварҳои дунё, дар мақоми сеюм қарор дорад.