Поёни баҳси замин. Омӯзгори 29-сола ҳамсояашро куштааст

Маркази ноҳияи Шаҳритус

Дилором Нинарова, омӯзгори 29-сола дар деҳаи Султонободи ноҳияи Шаҳритус, бо гумони захмӣ кардани ҳамсояаш Насиба Ҳусайнова ва қатли модари ӯ Гулнора Ҳусайнова боздошт шудааст.

Байни онҳо ва шавҳари Дилором Нинарова ҷанҷол сар шудааст. Дар ин ҳолат муаллима ба гардани Гулнора Ҳусайнова ду корд задааст.

Мақомоти додситонии ноҳияи Шаҳритус рӯзи 11-уми июн гуфтанд, ки алайҳи Нинарова бар асоси моддаҳои “тайёрӣ ба ҷиноят”, “сӯиқасди ҷиноят” ва “куштор” парванда боз шуда, тафтиш идома дорад.

Дар ҳукумати ноҳияи Шаҳритуси вилояти Хатлон ба Радиои Озодӣ гуфтанд, куштор дар заминаи баҳси замин ва буридани шохи дарахтони якдигар рӯзи 8-уми июни имсол рух додааст. Вазорати умури дохилии Тоҷикистон мегӯяд, ки ворид шудани чорво ба замини ҷуворимакка аз сабабҳои дигари муноқишаи ҳамсояҳо буд.

Як манбаи наздик ба мақомоти тафтишот гуфт, Насиба Ҳусайнова ҳамроҳи модараш Гулнора Ҳусайнова, сокини панҷоҳсолаи ҷамоати “Гидра”, бегоҳи 8-уми июн вориди хонаи Дилором Нинарова шуда, мавриди ҳамла қарор гирифтаанд. “Байни онҳо ва шавҳари Дилором Нинарова ҷанҷол сар мезанад. Дар ин ҳолат муаллима ба гардани Гулнора Ҳусайнова ду корд задааст. Ӯ ҳамон шаб дар бемористон ҷон дод. Насиба Ҳусайнова захмӣ шуда, дар бемористон бистарӣ аст”, - афзуд мусоҳиби мо.

Дар Тоҷикистон сари чанд вақт барои тақсими ноудурсти замин баҳсу муноқиша сар мезанад

Раҳмон Назаров, як масъули деҳаи Султонобод, рӯзи 11-уми июн дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, баҳси Дилором Нинарова ва Насиба Ҳусайнова, ду ҳамсояи девор ба девор, куҳна аст. Ӯ гуфт, бо гузашти солҳо ҳамсояҳо барои ҳалли мусбати қазия забон наёфта буданд.

Дилором Нинарова соҳиби се фарзанд буда, ҳашт сол собиқаи корӣ дорад. Вай омӯзгори синфҳои ибтидоӣ дар мактаби рақами 14-и деҳаи Султонобод аст. Иброҳим Ниёзов, мудири мактаби рақами 14, гуфт, Нинарова бо ҳамкорону шогирдон муносибати хуб дошт ва хабари боздошташ онҳоро ҳайратзада кард.

“Кораш бад набуд, муносибати хуб дошт. Коллеҷи омӯзгориро хатм карда буд ва боз барои гирифтани маълумоти олӣ дар донишгоҳ ғоибона таҳсил мекард. Бо ҳамкорон муносибати хуб дошт, воқеан”, - гуфт ӯ.

Аз 143 ҳазор километри мураббаъ масоҳати Тоҷикистон, 93 дарсади он кӯҳистон аст. Аз ин рӯ, масъалаи таъмини сокинон бо замини наздиҳавлигӣ, манзил ва замини корам, аз мушкилоти рақами аввал маҳсуб меёбад.