Ашраф Ғанӣ ҳамла ба рӯҳониёнро маҳкум кард

Президенти Афғонистон Ашраф Ғанӣ таркиши маргталабонаро дар назди сохтмони Шӯрои уламои кишвар маҳкум карда аз фатвои маҳкумкунандаи чунин ҳамлаҳо ҳимоят кард. Вай гуфт, ки ҳамлаи рӯзи 4 июн “алайҳи арзишҳои исломӣ мебошад”. Бо пуштибонӣ аз фатвои Шӯрои уламо, Ашраф Ғанӣ гуфт: “мутаассифона, ҷанги таҳмилӣ ба Афғонистон ҳамарӯза ҷони фарзандони бегуноҳи моро мегирад”.

Бархе гузоришҳо ҳокист, ки шумори умумии кушташудаҳо дар ҳамлаи дирӯзаи Кобул ба 14 нафар расида, аз миёни онҳо 7 нафараш рӯҳониён мебошанд. Масъулияти ин ҳамларо гурӯҳи маҳаллии марбут ба “Давлати исломӣ” ба ӯҳда гирифт ва Толибон даст доштани худро дар ин ҳодиса рад карданд.

Департаменти давлатии ИМА ҳамлаи дирӯзаро маҳкум карда гуфт, ки ин ҳодиса “бераҳмии террористон ва хилоф бо принсипҳои Ислом ва қонунгузорӣ будани даъвоҳои онҳоро ба намоиш мегузорад”.

Мақомот мегӯянд, ки рӯзи 4 июн як маргталаб худро дар даромадгоҳи Шӯрои уламои Афғонистон мунфаҷир кард ва ин ҳамон лаҳзаҳое буд, ки ҳудудан 2 ҳазор рӯҳониён ва намояндагони давлат аз саросари Афғонистон барои ҷаласа гирди ҳам омада буданд. Дар фатвои содиркардаи онҳо ин ҳодиса аз рӯи қавонини шариат “ҳаром” номида шуд. Онҳо инчунин ба нирӯҳои ҳукуматӣ ва Толибон муроҷиат карда ҳарду ҷонибро ба сулҳу оштӣ даъват карданд.

Дар моҳҳои охир ҳамлаҳои ҷангҷӯён афзоиш ёфта, шумори қурбониҳо дар миёни мардуми мулкӣ ва ҳам низомиёну кормандони давлат афзоиш меёбад.