Саидҷалол Саидов, паҳлавони шинохтаи тоҷик, дар мусобиқаи бози гуштии миллӣ бахшида ба Иди байналмилалии Наврӯз барои "Ҷоми Пойтахт-2018", ки 26-уми март дар "Наврӯзгоҳ"-и шаҳри Душанбе барпо гардид, бо шоҳҷоиза - автомошинаи сабукрави тамғаи “Мерседес” - мукофотонида шуд.
Соли гузашта дар мусобиқаи бози гуштии миллӣ барои “Ҷоми Пойтахт-2017” барои шоҳҷоиза дар рақобати ниҳоӣ Саидҷалол Саидов бо Комроншоҳи Устопириён рақобат карда буд.
Дар ин мусобиқаи бози ҷумҳуриявӣ паҳлавонон аз манотиқи мухталифи Тоҷикистон ширкат доштанд. Мусобиқа дар шаш вазн: -60 кг, -70 кг, -80 кг, -90 кг, -100 кг ва +100 кг сурат гирифт. Ғолибон бо медалу ҷоизаҳои молии шаҳрдории Душанбе сарфароз гаштанд. Ба варзишгарон барои ҷойи аввал 3000 сомонӣ, барои ҷойи дувум 1500 сомонӣ ва барои ҷойи севум 1000 сомонӣ супурда шуд.
Барои шоҳҷоиза – автомошинаи сабукрави тамғаи “Мерседес” - паҳлавонони вазнашон аз 90 кило боло мубориза бурданд. Саидҷалол Саидов, ки дар қувваозмоии ҳалкунанда бар Абубакр Раҳмонов ғолиб омад, бо шоҳҷоиза мукофотонида шуд.
Қабл аз шурӯи мусобиқаи бози гуштии миллӣ барои "Ҷоми Пойтахт-2018" фестивал ё ҷашнвораи бозиҳои варзишӣ доир гардид. Дар ин фестивал варзишгарони хурду бузург ҳунари худро дар бахшҳои мухталиф ба намоиш гузоштанд.
Браузери шумо HTML5-ро намешиносад
Ғолибону ҷоизадорони мусобиқаи бози гуштии миллӣ барои "Ҷоми Пойтахт-2018" аз рӯи шаш вазн:
Вазни -60 кг
1. Сорбон Латифов
2. Хушқадам Хусравов
3. Ҷомии Ҳасан
Вазни -70 кг
1. Ориф Додов
2. Наврӯз Каримзод
3. Муҳаммад Мирзоев
Вазни -80 кг
1. Акмал Муродов
2. Мирзоҷамил Рамазонов
3. Раҳматулло Фарҳодов
Вазни -90 кг
1. Ҳоҷимашраб Раҳмонов
2. Зафар Олимшоев
3. Хуршед Шарифов
Вазни -100 кг
1. Саидҷалол Саидов
2. Ҷумъахон Назриев
3. Довуд Соҳибназаров
Вазни +100 кг
1. Абубакр Раҳмонов
2. Додохон Қурбоналиев
3. Одилҷон Сафаров
Ёдовар мешавем, соли гузашта дар мусобиқаи бози гуштии миллӣ барои “Ҷоми Пойтахт-2017” барои шоҳҷоиза дар рақобати ниҳоӣ Саидҷалол Саидов бо Комроншоҳи Устопириён рақобат карда буд. Довар барои як огоҳие, ки Комроншоҳ дар аввали бозӣ гирифт, Саидҷалолро баранда эълон кард. Дар наворҳои нашршуда дида мешавад, ки пеш аз ҷоизасупорӣ Комроншоҳ бо ишораи даст тамошогаронро дашном медиҳад.
Баъдан ӯ барои ин рафтораш узрхоҳӣ кард ва гуфт, ки он вақт аз ноадолатии довар ба хашм омада буд. Комроншоҳи Устопириён барои дашном додан дар мусобиқаи рӯзи 23-юми марти соли гузашта дар "Наврӯзгоҳи пойтахт" то моҳи апрели соли 2019 аз иштирок дар ҳамагуна мусобиқаҳои гуштии миллӣ дар кишвар маҳрум шудааст.