Иттиҳоди Аврупо чанд созмони ҳифзи ҳуқуқ дар Тоҷикистонро барои амалӣ кардани як лоиҳа ба хотири ҳифзи ҳуқуқи инсон беш аз 500 ҳазор евро маблағгузорӣ кардааст.
Бар асоси ин лоиҳа ҳомиёни ҳуқуқи инсон давоми ду сол талош мекунанд, то аз шиканҷа ва дигар муносибатҳои бераҳмона дар Тоҷикистон ҷилавгирӣ кунанд ва дар сурати рух додани чунин ҳодисаҳо ба қурбониёни шиканҷа дар таъмини адолати додгоҳӣ кӯмак кунанд.
Шарикони ин лоиҳа ҳамзамон ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистонро мониторинг карда, аз хулосаи он ҳисобот омода мекунанд.
Бриджит Дюфур, директори созмони “Ҳамкории байналмилалӣ оид ба ҳуқуқи инсон»(IPHR) аз номи созмонҳои ҳифзи ҳуқуқ гуфт: “Мо дар ин масъала бо мақомоти масъули Тоҷикистон ҳамкорӣ мекунем ва барои беҳбудӣ дар соҳаи ҳуқуқи инсон ба ин кишвар тавсияҳо медиҳем. Кӯшиш мекунем, ки Тоҷикистон ба он ӯҳдадориҳое, ки дар самти ҳуқуқи инсон назди ҷомеаи байналмилалӣ дорад, ноил гардад”.
Иттиҳоди Аврупо, ки аз 28 мамолики узв иборат аст, аз соли 1992 ба ин тараф дар Тоҷикистон фаъолият мекунад ва дар соҳоти гуногун ба ин кишвар кӯмак мекунад. Лоиҳае, ки қарор аст, дар ду соли оянда дар Тоҷикистон амалӣ шавад, зери номи “Ташаббус дар соҳаи мустаҳкамгардонии демократӣ ва ҳуқуқи инсон (EIDHR)” маблағгузорӣ мешавад.