Ради шикояти зани ҷабрдида аз ҷониби додситонии Шоҳмансур

Додситонии ноҳияи Шоҳмансур ба аризаи як зани сокини пойтахт, ки иддао дорад кормандони милиса ғайриқонунӣ ба манзилаш ворид шуда ва латукӯбаш кардаанд, ҷавоби рад додааст. Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои ин зан рӯзи ҷумъаи 28 октябр зимни сӯҳбат ба Радиои Озодӣ таъйид кард, ки додситонии ноҳияи Шоҳмансур аризаи шикоятии онҳоро рад кард. Вай афзуд, ки ҳанӯз сабаби ради мақомоти тафтишотро дар нисбати аризаи зерҳимояаш намедонад ва қарор аст, пас аз нимаи дуюми имрӯз бо муфаттиши ноҳияи Шоҳмансур вохӯрад ва ҷузъиёти онро дастрас кунад. Мақомоти тафтишотӣ низ аз ироаи ҷузъиёт дар ин замина худдорӣ карданд. Ин ҳам дар ҳоле, ки аризаи шикоятии ин зан рӯзи 14 октябр ба додситонии шаҳри Душанбе супурда шуд ва баъдан барои баррасӣ ва таҳқиқ ба додситонии ноҳияи Шоҳмансур вогузор гардид.

Дилшод Ҷӯраев, вакили дифои ин зан қаблан ба ба Радиои Озодӣ гуфта буд, ки бар асоси қонун додситонӣ, муддати се рӯз пас аз ворид шудани ариза, бояд нисбати ҳодиса парванда боз кунад ё ба он ҷавоби рад диҳад. Аммо баъдан ин то даҳ рӯзи дигар тамдид шуд ва инак додситонии Шоҳмансур ба аризаи шикоятии ин зан ҷавоби ради худро дод. Дилшод Ҷураев мегӯяд, танҳо пас аз сӯҳбат бо муфаттиши ноҳияи Шоҳмансур дар нисбати ин қазия тасмим хоҳанд гирифт. Зеро ба гуфтаи ҷаноби Ҷураев, онҳо ҳақ доранд ба зинаи болотар, яъне додситонии куллии Тоҷикистон нисбати ин қазия шикоят баранд.

Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа рӯзи 13 октябр хабар дод, ки ба ин созмон зани 34-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансур муроҷиат кард ва гуфт, ки мавриди бадрафтории ходимони шӯъбаи умури дохилии ноҳияи Шоҳмансур қарор гирифтааст. Ин зан гуфтааст, ки дар яке аз рӯзҳои аввали моҳи октябр кормандони милиса ба ҳангоми санҷиши шиносномаҳои сокинон дар чаҳорчӯби амалиёти «Нелегал», зӯран вориди хонааш шуда, меҳмонҳои хориҷии дар хонаи ӯ бударо ба идораи милиса бурданд.

Илова ба ин, худи ин занро барои мухолифаташ ба бадрафтории милиса, шадидан латукӯб карда, баъдан ба идораи милиса бурдаанд. Ин зан, ки корманди як созмони байналмилалӣ будааст, давоми чор соат то 12 шаб дар идора нигоҳ дошта, танҳо баъди гирифтани баёноти онҳо аз ин, ки ҳеҷ шикояте надоранд, ҷавоб додаанд. Эътилофи ҷомеаи шаҳрвандии Тоҷикистон зидди шиканҷа гуфтааст, ки барои кӯмаки ҳуқуқӣ ба ин зан як вакили дифоъро таъйин кардааст. Исм, ҳуввият, маҳалли кор ва дигар ҷузъиёти марбут ба шахсияти ин зан нашр нашудааст.

Ҳамзамон мақомоти вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон, ки рӯзи ҷумъа дар робита ба сабти муносибати хашини кормандони ҳифзи ҳуқуқ нисбат ба шаҳрвандон аз расонаҳо огоҳ шуда буд, ба таҳқиқи он пардохтааст.